06.04.2018

Аз дида рафту ба дилхо монд

Басир Расо “Адабиёт ва санъат” №18(1471) 1 майи соли 2008

Солҳои шастуми асри гузашта мо хатмкунандагони Университети давлатӣ ҳар рӯзи истироҳат дар боғи марказии пойтахт мулоқот мекардем. Вохурӣ бо ҳамкурсон, хусусан бо Мирзо Аҳмад, ки ҷавони зарифу шеърдон буд ва бо хоҳиши рафиқон аз эҷодиёти падараш ғазалу рубоӣ қироат менамуд, барои мо ҳаловату кайфияти нотакроре мебахшид. Рӯзе ҷавони гармрӯву дидадароеро ҳамроҳаш ба боғ оварда «Ин кас Бурҳон, аз хешони ман аст»-гӯён ӯро муаррифӣ намуд. Ман «Саидро ба номашон илова кунем, беҳтар мешавад, яъне Саидбурҳон — мири Мастчоҳ»,- гуф-там бо шӯхӣ.Мирзо Аҳмад табассуми ширине карда гуфт:

-Ин миршаванда Унивеситетро хатм кардааст, вале ҷои кор надорад.
Мо, ҳамкурсон, ки он қадар ҳам собиқаи кору вазифае, ки ҷавонеро соҳибмансаб созем, надоштем, дар ҳалли масъалаи Мирзоаҳмад пеш гузошта дар мондем. Маслиҳат чунин шуд, ки якҷоя барои Сайидбурҳон кор меҷӯем.

Ҳафтаи оянда дар вохӯрии навбатӣ ман арз кардам, ки дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» як ҷои холӣ будааст ва барои касеро ба ин вазифа таъйин намудан розигии сармуҳаррир лозим. Таклиф аст, ки эркадомоди самарқандиҳо Мӯъмин қаноат бо сармуҳаррири «Хорпуштак» Ф. Муҳаммадӣ гуфтӯгӯ кунад.
Эркадомод маро сарзаниш кард, ки «Ту ҷонишини амакӣ, (мо Ф. Муҳаммадиро бино бар аз мо калонсолтар буданашон, бо эҳтиром амак мехондем) боз чӣ ҷои каси дигар аз берун, ки дар ин мавзӯъ гап кушояд?» Ман арз намудам, ки муҳри идора дар дасти ман аст, лекин бе маслиҳату ишораи амак коре аз дастам намеояд. қарор шуд, ки ману М. қаноат назди сармуҳаррир сар хам карда, Сайид Бурҳонро соҳиби кор мекунем.
Дар «Хорпуштак» устодони мо Самад Ғанӣ ва Тоҷӣ Усмон анъанаеро ҷорй намуда буданд, ки шахси нав ба маҷаллаи ҳаҷвӣ ба кор меомада бояд аз имтиҳон гузарад. Яъне ба довталаб мавзӯе пешниҳод мешуд, ки бояд дар заминаи он баъди санҷиши далелҳои мухбир нишондода фелетон нависад. Ман мактуби шикоятиро ба Бурҳон Ғанӣ супорида таъкид кардам, ки дар ҳаҷми се варақ хабари танқидӣ ё фелетон нависад. қалами ин ҷавон тез будааст, ки баъди ду рӯз фелетон навишта шуду муаллиф ба шарофати он соҳибвазифа. Худи Бурҳон Ғанӣ баъдтар ба ёди амаки меҳрубонамон — шодравон Фазлиддин Муҳаммадӣ менависад: «Ман фаъолияти хабарнигории худро аз «Хорпуштак» шурӯъ кардам. Боре фелетоне навишта ба назди устод, ки самуҳаррири маҷалла буданд, овардам. Устод баъди хондани фелетон маро назди худ хонда гуфтанд:

— Фелетонатонро хондам.
— Мешавад? — пурсидам.
-Ба муҳаррир партофта рафтед, ки ҳисобашро ёбад? Агар ҳисобашро ёбем, мешавад, — гуфтанд устод.

Бурҳон Ғанӣ табиатан ҳаҷвнигор буд, чунон устокоран воқеъабофӣ менамуд, ки миёни фелетону ҳикояи ҳаҷвӣ тафовут кам мемонд. Ин даъвиро хонандагони сершумор ва нуқтасанҷони мӯшикоф эътироф намудаанд.

Солҳои баъд дар маҷаллаи «Хорпуштак» ҳаҷвнигорони касбӣ Ӯ. Кӯҳзод, Б. Файзулло, Б. Ғанӣ, М. Файзалӣ, А. Сафар, Ҷ. Шариф, М. Ҳайдаршо, И. Бозор, Қ. Раҷаб, Н. Назирӣ, М. Пӯлод, А. Давлатзода, Г. Сафар, М. Қаҳҳор, С. Ёрзода, М. Собир, А. Партавзода фаъолият доштанд ва дар ҳар шумораи маҷалла овоз баланд мекарданд.

Он солҳо як анъанаи хубе ҳам буд, ки охири ҳар моҳ, ҳама ходимони маҷалла бо мухбирони дар вилоятҳо буда дар идора ҷамъ омада, аз бурду бохт сухан гуфта, нақшаи шумораҳои ояндаро тарҳрезӣ менамудем. ҳар моҳ нашри ду шумораи маҷаллаи ҳаҷвӣ кори дандоншикан буд, вале чун ходимон аҳл буданд мушкилоте дар омодасозии маводи чопӣ набуд. Ходимони «Хорпуштак» дилбохтаи касбу кор буданд, бо ҳавас аз хона ба ҷои кор меомаданду бо рӯҳи болида ба хона бармегаштанд. Бурҳон Ғанӣ гули маърака буд. Дар сӯҳбате, ки ӯ ҳузур дошт, ханда гул мекард ва мардум ӯро «Кони гап» мегуфтанд. Дар воқеъ Бурҳон Ғанӣ аз як воқеъаи одӣ қиссаҳое месохт, ки сомеъаш дар ҳайрат мемонд. Санъати гапёбиву қиссабофӣ ва услуби эҷоди ин ҳаҷвнигор худодод буд. Одами ғазаболудатарин ҳам бо мутолиаи ҳикояву қиссаву латифаҳои намакини Бурҳон Ғанӣ лаб ба табассум мекушоду кӯфти ғамашро мебаровард.

Дар як ҷамъомаде, ки ходимони «Хорпуштак» бо аҳли қалами маҷаллаи ӯзбекӣ «Муштум» дар ноҳияи Сариосиёи Ӯзбекистон баргузор намуданд, таноби гап бештар дар дасти Бурҳон Ғани буд. Мулоқот қариб панҷ соат тӯл кашид, бегоҳӣ сӯҳбат дар шипанги ҷазираи бисёр ҳам зебоманзари «Тоҷикканал» идома ёфта, ҳама аз ханда сер шуданд.

Устод Шаҳриёр аз беқадриву носипосии замона нисбат ба аҳли ҳунар, ба эҳтироми ҳамдигар нарасидани ҳамкасбон овардаанд, ки:

То ҳастам, эй рафиқ, надонӣ, ки кистам,
Он гаҳ сӯроғи вақти ман ойи, ки нестам.

Баъзан аз зумраи ононем, ки ба қадри ҳунармандон намерасем. Боре дар як ҷамъомади Иттифоқи нависандагон аз ҷониби кормандони маҷаллаи «Хорпуштак» таклиф шуд, ки маҷмӯаи ҳикоёти ҳаҷвии Бурҳон Ғанӣ барои гирифтани ҷоизаи комсомол пешниҳод карда шавад. Дар ҷамъомад расман касе зид набаромад ва мо ҳама ҳуҷҷатҳои расмиро, ки Кумитаи ҷоизаҳо талаб мекард, пешниҳод намудем. Гӯш ба қимор интизори хушхабар будем, вале акси калла ба шӯрбо задагӣ барин дар Кумита ба мо гӯшрас намуданд, ки барои ҳикоёти ҳаҷвӣ ҷоиза нест, дар оиномаашон асарҳои ҳаҷвӣ сабт нашуда будааст. Барои мақолаҳои чун рӯдаи ғоз дарози беобу рангу бемаънавиёти ба ҳамду санои ягон курсинишин бахшида шуда мукофот будаасту барои асари бадей, ки бо усули ҳаҷв эҷод шудааст, ҷоиза додан мумкин набудааст. Ҳарчанд дар Кумита фаҳмондем, ки ҳаҷв як услуби нозуку мушкилэҷоди адабиёти бадеист, ба гӯши кар азон хондагӣ барин суде нашуд:

Гуфтаниям, ки Бурҳон Ғанӣ бе ҷоизаи комсомолу ифтихорномаи давлатӣ ҳам, ки шоиста буду насибаш нагаштанд, миёни мардум шӯҳратманд аст. Вале аз бисёр соҳибунвонҳову ҷоизадорон имрӯз на ном асту на нишоне аз асарҳояшон. Ду ҳаҷвнигори овозадори тоҷик — Бурҳон Ғанӣ ва Мирзо Файзалӣ якҷоя асарҳое офариданд, ки сазовори мукофоти олитаринанд. Ин ду эҷодкор миёни мардум барҳақ аз шоҳсутунҳои ҳаҷви муосири тоҷик эътироф шудаанд. Каломи онҳо дар набард алайҳи ҳама гуна унсурҳои ба сохту зиндагии имрӯзаи мо бегона наштари обдоранд.

Бурҳон Ғанӣ дар эҷоди ҳикоёту латифа ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ устоди замон буд. Саҳнаҳои хушҳолкунандаи мардум, ки ба қалами ӯ тааллуқ доранд, дар иҷрои ду ширинкори мумтози саҳнаи тоҷик — Усто ва Масто имрӯз ҳам мақому мартабаи худро аз даст надодаанд.

Дар эҷоди панду ҳикмат бо услуби ҳаҷвнигорӣ каме аз қаламкашон дар зинаеанд, ки Бурҳон Ғанӣ дар он барҷост. ҳар чакидаи нӯки хомаи ин ҳаҷвнигор саду анд маънову паҳлӯ дорад. Худатон ҳакам шавед, магар ин ҷумла, ки «Духтури тамаъкор набзи беморро санҷида, аз қиммати баланди атри фаронсавӣ гап кушод», вазни як ҳаҷвияи бутунро надорад?
Ё «Дилдода аз каманди зулфи нигор раҳоӣ ёфту аз алимент не.» Ин гуна мисолҳо дар эҷодиёти Бурҳон Ғанӣ фаровонанд ва ба ин васила ному эҷодиёти адиби бисёр ҳам ҷавон аз бари мо рафта вирди забонҳо хоҳад монд.

Марди соҳибхунари бохираду фарзона
Биравад аз назару лек зи дилҳо наравад.