ҶОНАМ ФИДОИ ҲАМСОЯҲО

Бо маслиҳати дӯстон магнитофон харидам. Бегоҳӣ, вақте магнитофонро ба хона меовардам, аз ҳамсояҳо фақат Низомиддииро дидам, ,ки дар пешайвон ҷумбучӯл мекард.

—        Муборак шавад,— овоз баровард ӯ— Мешустаем-да?

—        Саломат бошед, биёед,— гуфтам.

Ҳамин вақт бачаву качаи ҳамсоя пешу қафо тохта хона даромаданду ҳар кадомаш хоҳиш кард, ки овозашонро дар лента сабт кунам.

Магнитофонро бо ҳамсарам аз қуттияш боэҳтиёт бароварда, болои миз гузоштем. Ана баъд ман китобчаашро як варақ зада, тарзи ба кор дароварданашро омӯхтанӣ шудам. Ҳарчанд як соат пеш дар магазин нишон доданд, аллакай аз ёдам рафтааст, гӯр пирӣ шавад. Ҳарчанд мурваттобӣ кардам, нашуд. Ҷои асосиашро ёфта натавонистам. Лента як чарх заду фавран канда шуд.

—        Инро чӣ бало зад?—гуфтам худ ба худ арақи пешонаамро пок карда.

Боз ин тарафу он тарафашро тоб додам, нашуд. Ҳамин вақт ҳамоояамон Низомидднн даромад.

—       Ҳм, ҳамсоя, мондаҳо?— хушҳолона овоз баровард ӯ.— Акнун тӯю сурамон бе магнитофуни шумо намегузарад-да

—        Ҳа, албатта,— гуфтам дар ҳоле ки аз зиқӣ ба кафидан наздик шуда будам.

—        Лекин ба кор даровардаиаш аз ёдам рафтааст.

—       О, ҳамсояҷон, ин техника,— )ба гап даромад Низомиддин,— техникаи содда ҳам не. Ҳазору як мулфитаку мурвату пружин дорад. О, мо ҳамсояҳои инҷинер истодагӣ, ин қадар чунбуҷӯл кардан чӣ лозим? Ҳӣ-ҳӣ. Оби дари хона тира-дия, ҳамсоячон. Қаҳратон наояд, мо дар ҳамин ҷову ақаллан як даҳон гап намезанед.

Аз магнитофон дуртар истода ҳаракати дастҳои ҳамсояамон Низомиддинро тамошо мекардам. Хеле ҷумбу-ҷул кард, нашуд.

—       Ин матнитофон аз вай навъҳои дидагии ман не. Навъҳои мулфитакҳо ва клавишаш тамоман нав. Мабодо аз дохилаш вайрон набошад?

Низомиддин як мурватро чунон тоб дод, ки лента канда шуд. Аз дидани ин ҳол гӯё дар шиками ман чизе канда шуда бошад, пеши чашмонам тира шуду сарамро дудаста доштам.

—       Худатонро эҳтиёт кунед, хамсоя, хайр он тарафаш якта магнитофон-дия, —   ба ҷароҳатам намак пошид ҳамсоя.

Як навъ худамро даст гирифта чашмонамро базӯр нимроғ намудам: дар пеши чашмам аз болои миз сар карда, то болои гилем як даста лентаҳои фатилашуда мехабиданд.

Ҳамсояам Низомиддин рафту Ҳаётулло омад.

—       Офарин,  ана  ин мол,— гуфт ӯ ва дастонамро сахт дошта афшондан гирифт.

—        Магнитофон чиэи хубу лекин ташвишаш бисьёр гуфтам.— Ба кор дароварда натавониста истодаам.

—       О, ҳамин хам гап шуд?—ба эродгирӣ даромад Ҳаётулло.— Ман мошииаи дарздӯзии янгаатонро баъзан худам дуруст мекунам. Ман асосан мактаби трактористӣ хондагӣ. Дуруст кардани ин майда-чуйдаҳо чӣ?

Ҳаётулло ба тоб додани клавишҳо сар кард. Дастони кордидаю мисли отамг пуррагупаяш даставвал як клавиши бо пласмаса рӯкашшударо зада шикастанд.

—        Ҳеҷ гап не,— гуфт Ҳаётулло,— ин дар заводаш шикастагӣ будааст.

Дискаи касета як ба кор даромаду лентае, ки мисли рӯдаи гов парешон буд, ширросзанон чаппаю роста ҷамъ шуд.

Ман машғули кушодани лентаҳои гиредшуда будаму ҳамсояам—Ҳаётулло боз ба ҷунбӯҷул даромад. Ҳамаи мурватҳоро як-як тоб дода, баъд ангушташро ба  чаккаи  сар  бурд.

—       Ин  аз  вай  навбаромадаш  будааст,— оҳи сард кашид ӯ.— Тавба, трактор барин чизи калонро мефаҳмаму инро не. Як маслиҳат: ҳозир ман аз паи кори заруре хонаи як ошноям меравам, шояд майнаам ба ҷояш ояду баъд хисобашро ёбам.

Ба чашми ҳамсоя як нигоҳ кардаму дам назадам. Лентаҳои кандаву фатилашударо ба тартиб дароварда, чандтоашро ширеш кардам. Бачаҳо ҳануз дар атрофи ман буданд.

—       Дадеш,— ниҳоят  тоб  наовард  ҳамсарам,— ба хаёлам то ин магнитафон ба кор медарояд, ки ҳамаи ҳофизҳо  нафака  мебароянд.

—       Ҳофиз, ки ба нафақа баромада, боз бисьертар мехонад,— оташин шудам ман.

Хушбахтона ҳамсояамон Сангинҷон даромаду аз таъиаю маломат раҳо ёфтам.

—       Хай, хай, муборак бошад,— оғуш кушод ӯ — хамин ҳозиракак бачам хабар доду омадам. Гуфт, ки ба кор дароварданаш мушкил будааст. Халқ мегӯяд, ки рӯбоҳ ба харсавор вохӯрдааст. Надонистани техника ҳам як воҳимаю халос. Дар назди одами медонистагӣ магнитофон тағораи чомашӯй барин чизи оддист.

Ҳамсояамон инро гуфту ман аз назди магнитофон дуртар рафтам.

—       Ана,  бинед,— гуфта  ҳамсоя  клавиши шикастагиро сахт тоб доду он аз беху бун канда шуд.

Ҳамсояамон заррае тағьир наёфт. Гӯё ман ба ҷои вай дар хиҷолат монда бошам, «ҳеҷ гап не, худаш шикастагй буд», гуфтам.

Шабона шаш ҳамсояи дигар ба ёрӣ омаданд. Бале, хона чӣ мехарӣ ҳамсоя бихар, гуфтаанд. Ҳамаашон одамҳои дилсӯз ва хайрхоҳ. Магнитофонро мисли он ки моли худашон бошад, пеш кашида тоб додан гирифтанд.

—       Ҳозир чунон ба кор дарорам, ки вантос занад,— гуфт Ҳайдар.

—       Мана, шумо як дақиқа сабр кунед,— ба шӯр омад Саид, ки аз даҳонаш бӯи пивои турушшуда меомад.

Набӣ ҳамаро тела дода, магнитофонро аз ҷояш озод бардошта, ба болои курсӣ монд.

Ман дасту по гум кардагӣ барин, дар чоям шах шуда меистодам. Ҳамсарам ишора мекард, ки магнитофонро аз дасти ҳамсояҳо гирифта соҳиб шавам. Ман ба иззати нафси ҳеҷ кас расидан нахостам. Охир ҳамаашон одамҳои хондагӣ ва ҷаҳондида. Дар идораҳои калон-калон раису мудиру ҷонишин шуда кор мекунанд. Ман ки ҳамааш шуда, як коркуни идораи суғурта ҳастам, кашида гирифтани магнитофонро аз дасти ин хел одамҳои баобрӯ ба худ эб надидам.

—       Як калла хубу дутояш беҳтар,— гуфтанд Одил Намозович.— Мақсади мо ин ки шумо ба кор даровардани магнитофонро ёд гиред.

Ҳамин вакт чашмам ба ҳамсарам афтод, ки дасташро бардошта ба рӯ кашид. Ин ҷунин маънӣ дошт, ки акиун аз магнитофон дасту дил шӯй…

—       Нигоҳ  кунед,  ҳамсоя,—гуфт Одил  Намозович маро нихта намуда,— шумо ёд гиред шуд.

—       Раҳмат, муаллимҷон,— гуфтаму боз ба магнитофон нигоҳ кардам. Чанд нафар баҳс мабаҳс мурватҳояшро тоб дода, сигорро дуд мекарданд. Ростӣ, аламам бештар шуд. Хостам бо овози баланд дод занам, нашуд. Кадом як ҳиссиёте маро гулӯгир намуд.

* * *

Ман холо ба кор даровардани магнитофонро аз ҳамсояҳо хеле хуб ёд гирифтаам… Лекин магнитофонам даҳ сол боз бо рудаву дилу ҷигари овезон дар тоқча гарду чанг хӯрда хобидааст.