АМРИ ВИҶДОН

Мо ба як бинои нав кӯчидем. Ҳамаи ҳамсояҳоямон коркунони идораҳои мӯътабар буданд. Инак, маҷлиси аввалини сокинони ин бино даъват шуд. Рӯзномаи маҷлис иборат аз як масъала: интихоби раиси бино, ки он бояд дар асосҳои ҷамъияти кор кунад. Дар маҷлис, ҷонишини сардори управленияи хонаҳо низ иштирок дошт.

—   Шумо бояд аз байни худ касеро раис интихоб кунед, ки тартиботро хубтар ҷорӣ намояд,— гуфт намояндаи управленияи хонаҳо,— вазифаашро чун шахси поквиҷдон иҷро кунад.

—  Рост, рост,— гуфтанд як ҳамсояи мӯътабарамон —бояд раиси мо як одами чусту чолок ва ботадбир бошад ва ҳар хоҳише, ки аз тарафи сокинони бино карда мешавад, бо сарбаландӣ иҷро намояд.

—   Мо фалонӣ раис гуфта ин вазифаро ба гардани касе бор намекунем,— таклиф намуд як нафар,— аниқтараш, аз ҳозирон ҳар кас, ки барои мардум, барои халқ ва ҳамсояҳо хизмат кардан хоҳад, довталабона даст бардошта, ин корро ба ӯҳда мегирад. Ҳамту не?

Ҳама ба даҳон об гирифта, чашм ба замин дӯхтанд.

—  Ҳа, ин кори ихтиёрӣ,— хомӯширо вайрон кард як марди ғӯлаи солхӯрда,— қабули ин вазифа амри виҷдон ва агар хато накунам, адои қарзи ҳамсоягӣ ва гражданист.

—   Ҳа, ҳа, ҳамин тавр,— овоз баровард нафар,— ин вазифаро ба ӯҳда гирифтан танҳо амри виҷдон, чизи дигаре нест.

—   Офарин,— гуфтанд марде, ки ҳар ду рухсор- шон мисли помидор барҷаста ва суп-сурх буд,— барои мардум хизмат кардан шараф ва номус ҳаст. Ман ин гапи зӯрро дар кадом як китоби ғафси муқовааш кабуд хонда будам.

Намояндаи управленияи хонаҳо аз донишу заковати, мо мардум тамоман мафтун шуд. Ин буд, ки ӯ хомуширо ихтиёр намуда, ҳама гапро ба ихтиёри худашон ҳавола намуд.

—   Хизмат барои ҳамсоя ифтихори бузург аст,— гуфтанд боз ҳамон ҳамсояи мӯътабартаринамон ва илова намуданд,— бобои раҳматиам мегуфтанд, хона чи мехари, ҳамсоя бихар. Ҳақ асту рост.

—   Ман аз он хушбахтам, ки ба шумоён барин мардуми поквиҷдон ва ба хизмати мардум омода ҳамсоя шудаам. Дар байни мо одамоне ҳастанд, ки барои ҳамсоя ҷони худро дареғ намедоранд.

—   Ҳа, ҳамсоя, агар хато накунам, ҳам падар, ҳам модар ва ҳам бародари кас аст, гуфт як ҳамсояи олимнамоямон, ки як рӯз пеш як нусхаи автореферати кори илмияшро ба мо тӯҳфа намуда буд,—ҳамсоя, агар иштибоҳ нашавад, шарики ғаму шодии ҳар кадоми мост.

Дар ҳақиқат, мо сокинони ин хона одамони андак мундак не. Дар байни мо кандидату докторҳо ҳам ҳастанд. Дигар ҳама сардорони управленияҳою идораҳо ва деканҳои факулътетҳои донишкадаҳо… Албатта, бо чунин ҳамсояҳо зиндагӣ кардан ҳам осон ва ҳам ифтихор аст, ифтихори бузург!!

—  Хӯш акнун муаллимҳо киро раис интихоб мекунем?— бо савол ба мо рӯ овард намояндаи управленияи хонаҳо,— канӣ, кӣ мехоҳад, даст бардорад?

Боз ҳам хомӯш монданд. Яке лабашро пок мекарду дигаре ба биниковӣ даромад. Саввумӣ риштаи астари пиджаки кӯҳнаашро бо ангуштонаш печонда кашидан гирифт. Чорумӣ бо чӯбчае ба замин хат мекашид. Панчумин аз сангреза деворча сохта, боз онро меафтонд. Хулоса, ҳеҷ кас даст набардошт.

—   Хӯш, набошад, яке аз муаллимонро ба раисӣ пешбарӣ мекунем,— боз ба мо рӯ овард намояндаи управленияи хонаҳо ва бо дасташ ҳамон марди ду рухсораашон мисли помидор сурхро ишора намуд,— ҳӯ, ана он муаллимамон раисзеб. Аз гапзаниашон маълум.

—   Ман?— аз ҷой бархост он ҳамсояамон ва ба гапзанӣ даромад.— Ба ҷонам, барои мардум хизмат намудан ифтихор аст, Лекин ман ба сабаби беморӣ наметавонам. Шаби гузашта чунон таб кардам, ки… Духтурҳо маро касали дил бароварданд. Гуфтанд, ки агар ҳаракати беҷо кунам, мемурам. Ҷон аз қолибаш мебарояду тамом. Уф, уф… Э, вой, миёнам-е… Ман ҳамсояи дасти ростам Салим Бадаловичро пешниход мекунам. Ин кас одами бисьёр ғаюр ва ботадбир.

—  Ба ҳар ду дида,— гуфтанд Салим Бадалов ва аз ҷояшон бархоста ба узурхоҳӣ даромаданд,— ман як одами гипертонӣ, фишори хунам гоҳ паст мешаваду гоҳ баланд. Агар каме асабонӣ шавам, тамом, хун ба сарам мезанаду рӯз дар чашмам шаби тор мешавад. Ваҳ ваҳ, Худо душмани касро ба ин дард гирифтор накунад, ана фишорам баланд шуд…

Баъд аз ин навбати раисшавӣ ба ҳамон ҳамсояи мӯътабаринамон расид.

—  Ман ҳам як узр дорам,— гуфтанд он кас бо як карруфар ва такаллуф, қандам каме баланд шудагӣ гӯед… Фақат об мехӯраму об мехӯрам… Бовар кунед, шабҳо дар назди сатили об хоб мекунам. Аз ин ҷиҳат маро мебахшед… Хизмати шумо ҳамсояҳоро ба ҷо овардан шараф аст.

Марди камгапе, ки дар паҳлӯи намояндаи управленияи хонаҳо нишаста буд, дар ҷояш як ҷунбида, чанд бор гулӯафшонн намуд.

—   Аз ҳама одами раисзеб худатон,— ба ин мард рӯ овард намояндаи управленияи хонаҳо,—як барои ҳамин одамони хуб хизмат мекардед…

—   Ба ҷонам, вале шумо аз касалии ман бехабар-дия,— гуфт он мард,— ду шаб боз аст, ки мижаҳоям бо хам намерасанд. Тамоми шаб аз дарди миён печутоб мехӯрам. Воқеан, дишаб як каме ғанаб рафтаму раҳматии падарам ба хобам даромаданд. Он кас дар хобам гуфтанд, ки худатро эҳтиёт кун. Аз ҷониби дигар хушдоманам дар шифохона. Ҳар рӯз ба шифохона рафта омадан лозим. Лаббай? Ҳа, ҳеҷ кас намехоҳад, ки муносибаташро бо хушдоманаш вайрон кунад.

Дар он миён дигарон ҳам барои раис нашуданашон бисьёр узурхоҳӣ намуданд.

* * *

Маҷлиси даҳум ҳам гузашту касе раисиро ба ӯҳда нагирифт.

Бале, хизматгори халқ гуфтанӣ мардум, ана ҳамин хел мешавад.