МО ҚОЛИН ХАРИДЕМ

Мо як қолини зебои ҳазорсӯма овардем. Ҳамсояи дасти ростамон кампири Моҳбибӣ пеш аз ҳама ба дидани қолин даромад.

—  Бай-бай,— мафтун шуд ӯ ба як дидан,— ин қолин не, осмони пурситора. Чунон ҳам зебо, чунон хам зебо, ки гап намеёбам.

Мо дастархон паҳн карда, чой овардем. Моҳбибӣ қолинро хуб чаппаву роста карда рафту ҳамон бегоҳӣ ҳамсояи дигарамон — кампири Меҳриниссо омад.

—   Вай мурам, ин қолин не, ин як гӯшаи гулзор,— ба гап даромад Меҳриниссо.—Гулҳояш худи гули зинда. Ман ба шаст даромада, ин хел қолини зеборо надидаам.

Мо барои Меҳриниссо ҳам зиёфат оростем. Он рӯзи истироҳат ба охир расид.

Пагоҳии рӯзи дигар Меҳриниссову Моҳбибӣ боз се дугонаи дигарашонро оварданд, ки хеле молшинос будаанд.

—   Э, намурад бофтагиат, дастонат дарда набинад-е, — гап гирифт дугонаи ҳамсояамон — Бйбигул.— Бовар кунед, ман дар тамоми шаҳр ин хел қолини зеборо надидаам, насиб кунад.

Он пагоҳӣ ҳам мо ба зиёфати меҳмони азиз камар бастем: ман аз кор дер мондаму ҳамсарам ба кор нарафт. Бегоҳӣ остонаи хонаро пахш накарда, чор зани ношиноси дигар аз дари ҳавлӣ баромаданд.

—Домод қолинатон қолини чор кас медидаги, насиб кунад,— гуфт як нафарашон.

Дигарон гапи ӯро об дода, об дода берун рафтанд. Овози таърифи қолинамон аз сари ррҳи калон ҳам ба гӯш мерасид.

Шабона Моҳбибӣ ва Меҳриниссои ҳамсояамон боз панҷ дугонаи дигарашонро оварданд, ки қолини нави моро тамошо кунанд. Он шаб ҳам ба меҳмоннавози ним шуду пагоҳӣ хаставу лакот аз хоб бархостам. Бархостан баробар Меҳриниссову Моҳбибӣ боз ду меҳмони ношиносро ба тамошои қолин оварданд.

—  Додош, инҳо меҳмонҳои аз район омадагӣ,— гуфт ҳамсарам.— Онҳоро партофта рафтан айб.

Ана, ҳамин тавр ман боз ба кор дер монда омадаму ҳамсарам ба зиёфати қолинбинҳо пардохта, дар хона монд.

Меҳмонҳои аз ҷои дур омадагӣ қарибиҳои шом хайрухуш карданд. Ҳамин вақт Меҳриниссо як зани аз як шаҳри дигар омадагиро бо панҷ кӯдаку шавҳару хушдоманаш ба тамошои қолини нав овард. Акнун хонаи мо намуди занбӯрхонаро дошт. Бачаҳои меҳмону бачаҳои мову ҳамсояҳо ба ҳар тараф давутозу мочаро карда, хонаи пастаки кӯҳнасохти моро ба сар мебардоштанд. Дар он миён овози меҳмоне шунида мешуд, ки бачаашро танбеҳ дода мегуфт:

—  О, адаб дорӣ, дар болои қолини нави тағат иша кардӣ… Ушт, ушт, калон шавӣ… ушт…

Кампири Меҳриниссо модари кӯдакро тасалло дода мегуфт:

—          Хайр, он тарафаш қолиндия. Кӯдак қолини навро аз куҷо мешиносад? Ишаш биёяд, иша кардан мегирад.

Модари бачаҳои ман ин гапро шунида, тамоман девона шуд ва қолинро аз ҷояш озод бардошта, ба болои девори ҳавлӣ баровард.

—  Ҳеҷ гап не, ҳеҷ гап не,— рӯ овард Моҳбиби ба ҳамсарам.— Ба ҳамон ҷои кӯдак тар кардаги як каме хокистари ҷӯш андозед, доғашро тамоман мебараду як ба як мешавад.

—  Рост, рост,— гуфт кампири Меҳриниссо ва илова кард,—аз ҳама чизи хуб, оби ҷӯш. Як чойник оби ҷушро резед, осори доғ намемонад.

Сигаретҳоям тамом нашуда, меҳмонҳо бархостанд. Акнун сарам аз хастагӣ чарх мезад. Ҳамсарам дар як гӯша нишаста, тифли меҳмони ҳамсояро дуои бад мекард. Ана ҳамин дам занги дарвоза баланд шуд. Дарро боз карда бинам, ҳамон Моҳбибиву Меҳриниссо ва боз чанд зани чавону пири дигар.

—  Ҳамсояҷон, ман инҳоро овардам, ки ҳам қолинро бинанду ҳам барои пок кардани доғаш маслиҳат диҳанд.

«Ҳайати комиссияи» ҳамсояҳо овардагӣ, ки иборат аз ҳафт кас буданд, даставвал худи қолин ва баъд доғҳои ба назар қариб ноаёнашро дида, изҳори таассуф намуданд. Ҳамин дам мо қолинро печондани шуда, аз як гӯшааш бардошта будем, ки як аъзои комиссия «истед, истед» гуфт ва сарашро хам карда, дасташро ба болои гуле бурда молиш дод.

— Худаш чй гап?— гуфта ҳамсари бечораам аз ошпазхона тару шилтиқи арақ шуда омад.

Маълум шуд, ки кадоме аз ҳамон меҳмонҳои дирӯзаи аз район омадагӣ сигори даргиронашро ба болои қолин монда, ду ҷои онро сӯзонда сӯрох кардааст.

—  Гӯр ба ҳамин қолини харидагиатон!—ба сарам дод зад ҳамсарам.— О, ягонта унтутарашро мехаридед намешуд?

— Ҳа, рост ба қолинатон чашм расидагӣ,—гуфт Меҳриниссо ба сари занам омада.— Чашми баъзеҳо, наузанлиллоҳ, санга мекафонад.

—  Ҳоло ҳам дарди бахайр,—гуфт Моҳбибӣ,— Худо накарда қолинатон бутун дар мегирифт, баъд чи мекардед?

Мо як сол пештар аз он ҳавлй кӯчида, қолинамонро ба магазини шинос супоридем. Мегӯянд, ки қолинбинҳо ҳанӯз ҳам дар суроғи ҳавлии мо ҳастанду ҳануз ҳам дар сафаранд.