Баъди ба ғори даҳон рехтани қадаҳи панҷум устоди марҳумамон ба лавҳи хотир омад. Рамазон ҳунгос зада гирья кард. Одамҳои дилсӯз аз ҳар тарафи ресторан гирд омада, изҳори ҳамдардй мекарданд.
— Устод, оҳ устод,— фиғон бардошт Рамазон.
Ман барои хомӯш кардани ӯ ҳақ надоштам. Бинобар он, ман ҳам рӯймолчаи чип-чиркинро аз кисаи шимам бароварда, лабамро бурма кардам ва ду дастамро ба гардани Рамазон ҳамоил намуда, ду-се бор ҳунгос задам. Аммо Рамазон гирьяи маро қариб нашунид. Ман овозамро боз баландтар карда, чашмонамро сахт-сахт пӯшида, оби дидагонамро бароварданӣ шудам. Ашк дар чашмони ман ҳеҷ пайдо нашуд. Ҳалқаи чашмонам соҳили хушкида ва бетароватро мемонд. Ҳо, нағз дар ёд дорам, ки рӯзи маргу дафни устод ҳам ашки сабилам пайдо нашуд. Ин ашки сабил оқибат маро шармандаю шармсор карданист. Аҷаб дуньё. Ба хотир дорам, ки ашкам дар рӯзи мурдани майпарасти гузар оби ҷӯй барин равон шуда, чанд рӯймолчаро тар карда буд.
— Рафтем!—гуфт Рамазон аз дасти ман кашида,— рафтем, ба сари гӯри устод меравем.
— Ман ҳуқуқи рад кардан надоштам. Охир ман ҳам шогирд-ку. Мо дӯстон шогирдони бовафои Соҳиб Назир ду шишаи даҳ сӯму чилтинаи дигарро ба бағал зада (хонандаи зирак аз қиматаш мефаҳмад) зиёрати гӯри устодро пеш гирифтем. Роҳ аз байни хору хас мегузашт. Лекин иродаи мо сангин буд. Рашид рӯю мӯи арақшори маро раҳораҳ бӯсида, «гирья накун, дӯстам мурданамон бар ҳақ аст» гӯён нола мекард.
— Ҳо,— гуфтам ба сару гарданам даст бурда.
— Ҳай устоде доштем,— гуфт Рамазон гардани борику аз гардани шиша нозуктари маро сар надода.
— Куҷо шуданд устоде, ки ба мо дарси ибрат, дарси садоқат меомӯхтанд,— гуфтам ман чашмонамро базӯр нимроғ карда,—устоди мо аҷаб хислате доштанд. «Вақт ғанимат аст», гуфта ману туро чор соат насиҳат мекарданд.
— Дурӯғ!—дод зад Рамазон ба сарам ва акси овозаш дар тамоми талу теппаҳои атроф садо дод.— Устодамон дар хусуси қимату арзиши вақт панҷ ё шаш соат вақти қимати худро дареғ надошта, боз моро гусел менамуданд.
— Ҳа, гап гапи ту!—гуфтам ба ифоқа омада. Бале, медонистам, ки ду кардани сухани Рамазон ба ман хеле гарон меафтад. Қиматаш аз қимати костюми дар тан дошта ва куртаю туфлии ба ҳазор илтиҷою ҷӯрабозӣ гирифтагияш ду чанд баландтар аст.
— Тарсидӣ-а?—гуфт Рамазон сабаби баҳс накардани маро дарк намуда,— аз костюми нават тарсидӣ? Натарс… Оҳ, устод…
— Не, чаро тарсам? Мо ҳам барои мурдан рафта истодаем!—гуфтам бо оҳанги нимшӯхию нимҷиддӣ.
Дар сари роҳ як шишаро бароварда, лабҳоро ба лабаш часпондем. Дар ин лаҳзаи пурҳаяҷон, ки мо ба зиёрати гӯри устоди худамон мерафтем, арақ аз гулӯямон об барин гузашта, ба тани пур аз дарду ҳасрати мо ҳаловат мебахшид.
Оҳ, устоди меҳрубон!—гуфт Рамазон баъди шишаи холишударо аз лабаш канда дур партофтан,— чӣ мешавад, ки…
Ман дигар маҷоли роҳ рафтан надоштам. Осмон дар чашмам тағораи бетаг барин хурду ночиз менамуд. Ба замин пой монданамро қариб ҳис накарда, аранг-аранг пеш мерафтам.
— Стоп! Стоп!—баланд шуд овози Рамазон ва ду- се қадам аз ман пештар гузашта, бо дасташ ба тарафи баландие ишора намуда илова кард:—мана, ҳӯ ҳамон гӯри устод аст.
Роҳи пур хасу хошок дуи моро ба сӯи баландие мебурд, ки он оромгоҳи абадии устоди мо маҳсуб мегардид. Мо ҳанӯз ба пояи теппа нарасида, Рамазон гирьяву нолаашро сар карда ба ман гуфт:
— Ҳоло гирья кардан навбати ман! Ман, ки монда шудам… Оҳ устоди меҳрубон. Устоде, ки дар бари чапи биниатон холи сабзнамо ҷило медод. Вай холе буд, ки шуморо аз устодони дигар фарқ мекунонд. Ҳо, холи сабзнамо, Шариф!
— Ҳа, ман дар паҳлуят-ку,— гуфтам бо овози баланд.
— Акнун гирьяву нола кардан навбати ту, саг!— дод зад Рамазон,— ку, саг бинам, ки дар болои гӯри устод кадом оятро мехонӣ? Хон, саг!
Ман тамоми рагу паямро якҷо карда, ночор фиғон бардоштам.
— Устод, оҳ устод!
— Стоп! Стоп! Устодро тарсонданӣ-а?—дод зад Рамазон ва шишаро кушода лаби нозукашро ба лаби худаш бурд.
— Қул-қул, кул-қул…
— Мана, ту ҳам нӯши ҷон куну устодро дигар натарсон,— шишаро ба тарафи ман дароз кард.— Рашид, хӯр, устод ҳам хӯрданашро дӯст медоштанд.
Мо ба паҳлӯи гӯри сабзаҳояш хушкидаи хеле кӯҳна расида сарҳои худро ба сангҳои атрофаш ҷанг андохтем ва хоки сударо ба ҳарду дастҳо бардошта, ба дидаҳо сурма намудем.
— Устод, моро бубахшед!— гуфт Рамазон сарашро аз болои хок набардошта.
— Алвидоъ, эй устод, эй сарпарасти мо, пушту паноҳи мо. Рафтеду мо дар вазорат бемутакӣ мондем. Дигар ягон мансаб ба мо намерасад. Вазири нав ҳамаро ба хешонаш дод…
— Рамазон аз вай одамони сустирода нест, ки шикоят кунад,— овозашро баланд кард ӯ ва ба паҳлӯи дигар гашт.— Дидорҳо ба қиёмат. Шариф, агар мард бошӣ, то пагоҳӣ гирья кун. Мабодо саратро зада, чангро нахезонӣ…
Ҳаво торик шуду ҳардуямон ба хоб рафтаем… Пагоҳӣ чашм кушода, мардеро дар болои сарамон рост дидам, ки ӯ ба ҳоли ману Рамазон механдид.
— Гуристон, ҷои ханде не,— гуфтам сабаби хачдаи он мардро нафаҳмида.
— Чӣ хел гӯристон?—боз хандид он мард,— ин боғи совхози токпарварии «Ҳосилот»-ку.
Ҳамааш маълумам гардид. Маълум шуд, ки ману Рамазон шабро дар паҳлӯи гӯри устод не, дар болои ғарами поруи кимиёвӣ гузарондаем. Ёди рафтагон бахайр!