КОРКУНИ МУНОСИБ

Дар дари даромад, ки ба ранги осмонӣ рангмолӣ шуда буд, номи дурмадарозе ба назар мерасид: «Саидмирқосимбеков У. С.» Худи хондани чунин номи дароз дили корафтодаро ба ваҳм меовард.
Анвар ва Сангин ҳар ду дарро нимроғ карда, ба даруни кабинет нигаристанд: дар паси мизи дароз як марди чорпаҳлӯи сару рӯяш арақшор менишаст ва аз ғояти нафастангӣ бо биниҳояш ҳуштак мекашид.
Анвар ҷуръат карда, аз сарҳади остона гузашт, аммо Сангин ҳанӯз дудила буд.
— Ҳм, биёянд, биёянд,— гуфт Саидмирқосимбеков дар ҷояш як каме ҷунбида.
— Ҳа, омадем, ки як аз ҳолатон хабар гирем, домулло,— гуфт Анвар,— ана, ҳамин ҷиянро овардам, ки бо шумо шинос кунам.
— Ҷиянатон гуфтед?— табассум кард Саидмир- косимбеков,— чи кори хубе кардед. Аҷаб шудааст. Биёянд, биёянд…
— Гуфтагп барин холо ин ҷиянро овардем, шумо вайро ба шогирдӣ қабул кунед,— изҳор.и максад на- муд Анвар,— ростй, бачаи ҳушьёр. Ба кори савдо шавқ- м а нд.
— Аҷаб шудааст, ки омадед,— боз ба сарчучбони даромад Саидмирқосимбеков.— Ҳоло ин кас ҷиянамон гӯед.
— Бале, ҷияни худамон, яъне гушту нохун,— гуфт Ап- вар ва илова кард — гуфтем, ки ҳамроҳи шумо, дар ма- газини шумо, кор карда, сару ҳисоби зиндагияшро ёбад.
— Аҷаб шудааст,— боз гап гирифт Саидмиркосимбеков.— Бале, ҷиян чизи хуб. Яъне, гӯшту нохун барин. Лекин ҳама гап дар сари Мирзоҷаранг. Мирзочарангаш, яъне малах.
Анвар таги гапро нафаҳмида ҳайрон шуд. Охир Саидмирқосимбеков барои вай одами бегона не: ҳамдкёрӣ ҳамсиифӣ, хешу табор, домоди хола ва боз чанд чизи дигар.
— Гап ҳамин, бародар,— Анварро ба худ овард Саидмирқосимбеков,— замона хамип хел шудагӣ. Вай хешию табориҳо ҳамту афсона. Афсонаи модаркалон. Имрӯз ҳар кас барои худ. Дар ин торги мо, умуман, ба хеш ошнобозӣ роҳ намедиҳанд.
— Э, ҳазл мекунед-а,—гуфт Анвар,— шӯхӣ ҳам эбаш катӣ — дия, поччо.
— Ҳа, ба виҷдонам! — савганд хурд Саидмирқосимбеков,— дар тамоми пивофурӯшу квасфурӯш ва ҳатто обфурӯши магазинамон ва нуқтаҳои хурд одамони соф бегона.
— Аҷаб ҷои ҳалол будааст,— дар ҳайрат монд Анвар,— дар баъзе идораҳои дигар фақат хешу акрабою ёру ошноҳояшонро ҷамъ мекунанд.
— Офарин, мо аз вай «хешу ошнотрестҳо» не, баро- дари гул,— хушгӯӣ кард Саидмиркосимбеков,— принтсипи кори мо ҳамин. Агар ягон роҳбар ин принтсипро вайрон кунад, расвои радди маърака мешавад.
— Чӣ хел? Еру ошнобоз гуфта пеш мекунанд? — Ҳайроп шуд Анвар.
— Не, худаш ба ихтиёри худ, бо ду дасти адаб баромада меравад.— Барои он меравад, ки…
— Барои чӣ меравад?
— Аз он сабаб меравад, ки аз хешу табору ёру ошноҳо малах гирифта намешавад.
Ба сари Анвар гӯё як сатил оби сард рехтанду ҳамоно ба худ омад.
— Шуд, шуд, ҳамаашро фаҳмидам,— гуфт Анвар навмедона.
— Лекин, бародар, агар розӣ шавед, ҷияни шуморо ҳамчун гӯшту нохун нею чун бегона қабул карда метавонем. Шумо малахро ба ман медиҳед, ман вайро чун малахи бегона ба раисамон месупорам. Вассалом.
— Ман розӣ,— гуфт Анвар,— шумо малахи ҷиянамро чун малахи бегона ба раисатон супореду ман худи шуморо чун шахси порахӯри бегона ба дасти органҳои маъмурӣ.
— Маро бо ин корҳо тарс надиҳед,— гап гирифт Саидмирқосимбеков,— ман ҷияни шуморо чун ҷияни худам ба кор мегирам, лекин танҳо то ба охири мавсими гармо.
— Аз он баъд чӣ? — савол кард Анвар.
— Аз он баъд, ки малах надод, ба қатори ихтисоршудагон меафтад, яъне, ба қатори пул надодагиҳо афтода, парида меравад.
— Инашро ҳам фаҳмидам,— гуфт Анвар бо оҳанги махсус.
— Лекин боз бадин кор дар ин аст, ки идораҳои дигари савдо ҳам ҷиянатонро қабул намекунанд. Аз он қабул намешавад, ки номи вай чун одами малах намедодагӣ дар ҳамаи идораҳои савдо овоза мешазад.
— Ако, пас ҷиянамро ҳамчун бегона қабул кунед,— гуфт Анвар бо маҳоли гирья,— истед, ки аз ин баъд дӯстии ману шумо чӣ мешавад?
— Чӣ мешавад? Ҳамту мондан мегирад,— гуфт Саидмирқосимбеков,— танҳо ҷиянатон барои ман як одами тамоман бегона ҳисоб меёбаду халос. Модару падаратон ҳам ба ман падару модар, ҷиянатон минбаъд ҳам набераи падару модаратон ҳисоб мешаваду лекин ба нисбати ман бегона, бегонаи мутлақ.
Анвар каме сукут карда, худро дар олами дигар дид ва худро ба чунин нодонию ҳафтафаҳмияш хуб маломат (карда, худ ба худ ваъда дод, ки худро ислоҳ кунад ва ба пешқадамони чамъият албатта, баробар мешавад.
Баъд аз он ки Сангин дар магазини обфурӯшӣ чанд муддат кор карда, рамузфаҳм шуд, бародари худашро низ ба шогирдии як мудири дигар қабул карданӣ шуда, аз ӯ пок мункир шуд.
Сангин боз як бародари худашу амакбачаашро ҳам чун бегонаҳо ба шогирдӣ қабул намуд.
— Хӯш, аз ҷияниву хоҳарзодагӣ ва бародарию амакбачагӣ, ки мункир шуда бошем, бароред.
— Чиро барорам?
— Малахро,— гуфт Сангии.— Ана ҳама гап дар сари ҳамин. Хӯҷаини мо хешу таборро барои ҳамин роҳ намедиҳанд. Яъне, аз хешу табор малах гирифта намешавад.
Вале, сардор апа ҳамин хел хешу ошнопараст не, хеле принципнок… аз ёру ошноҳо малах гирифта намешавад.