МУБОРАКБОДӢ

Бегоҳӣ, баъди кор хонаамон лиққӣ одам шуд. Еру дӯстон рафиқони ҷонӣ, ҳама ба табрики ман омадаанд. Лекин ба кадом муносибат, худам бехабар будам. Ҳамсарам болои мизи дарозро пур аз нозу неъмат карда, ба гурӯҳе арақ, ба баъзеҳо коньяк ба як қисми дигар шампанский оварда, маътали нутқи раиси маърака шуд.

— Ту ин хел ҳунар ҳам доштаӣ, табрик,— гап гирифт соқӣ ва қадаҳ таклиф намуд, ки қадаҳи аввалро барои саломатии ману ҳамсарам бардоранд.

Ҳозирон қадаҳҳоро холӣ кардан замон пою гардан, қанот ва сари синаи мурғҳоро ба даст гирифтанд. «Аҷаб мурғи балаззат» гуфт яке ба дигаре. Дигар ҳатто фурсати сарҷунбонӣ ҳам надошт. Дар ин лаҳза ҳамсарам даҳонашро ба гуши ман наздик бурда, «инҳо ба чи муносибат омаданд?», гӯён, абрувонашро чин намуда савол кард.

Ростӣ, касе дар хусуси ман дам намезад. Танҳо як хеши пивофурушам «охиста-оҳиста ба дӯкони мо гузарӣ ҳам мешавад», мегуфт. Хайрияти ман бештар шуд. Ҳамааш шуда пивофурӯшу боз гапкалонияшро бин?» андешидам худ ба худ. Як ҳамсояи яхмосфурӯшамон, ки дар боби гӯштини озод чемпиони шаҳр ҳам шуда буд, дасти рости маро сахт пахш карда, «акнун ба тарафҳои мо ҳам биё» гӯён қадаҳи пурро ба ифтихори ман холӣ кард. Хеши нонпазаш, ки он ҷо ҳузур дошт, кадаҳашро бо қадаҳам ҷанг андохта, ба корам муваффақият хост.

Лаганҳои пур аз устухонҳои хоидагии мурғро бардошта, оши палов оварданд. Чунон оше, ки одами буяшро дар сари кӯча шамидагӣ аз самбӯсаи пирожкиҳои бегӯшту серхамир умрбод даст мекашад. Дар ин лаҳзаи хеле нозук ва масъулиятнок, ки хатари хунук шудани ош аз имкон берун набуд, аз ман чашм наканда, таклифи ошхӯрӣ мекарданд. Ҳамсарам бар ким-кадом идораи мӯътабар раис ё ҷонишин шудани маро тахмин намуда, кафши хонапӯширо ҳар дафъа пеши поям мепартофт. Ҳамсояи дасти ростамон, ки зани ботадбире буд, «хайрият, ки аз автобуссаворӣ халос шудед», гуфта, сар меҷунбонд.

Табақҳои манту замоне омаданд, ки Абдулвадуди газводафурӯши гузарамон аз болои миз чаппа шуда, ба замин афтод ва ҳӯ ҳамсоязани гуфтагиам «о, дар хонаи як одами одамшаванда кам хӯрӣ, мемурӣ» гӯён, хеле насиҳат кард. Дар ҳамин лаҳза ҳамон хеши наздикамон, ки дар мошини пивокашонӣ кор мекардудар айни замон ин маъракаро сарпарастӣ мекард, аз ҷояш бархоста гуфт:

— Мана, соат аз дувоздаҳ ҳам гузашт. Акнун кори рафиқи мо аз ҳашт сар мешавад. Бо ҳамин ба мо рафиқон иҷозат диҳанду равем…

Ман таги гапи рафиқонро ҳеҷ нафаҳмида, ба таги бинии раис омадам. Вай маро бори дигар самимона табрик намуда, матлабашро фаҳмонд. Ман аввал хуб хандидам. Сонӣ, кори кардагиямро ба ёд овардам. Якрӯз ба буфети ошхонаи «Намуна» даромадам. Даромадан баробар буфетчии шинос маро ба ҷои худаш монда, чанд дақиқа берун рафт. Дар ин лаҳза кадоме аз шиносҳо маро дида, ҳамаи дӯстонро хабар кардааст. Дуньёи аҷиб.

* * *

Вақте проректори корҳои илмии як институт таъин шудам, касе аз дарам надаромад. Инро гуфтаму аз алами қадршиносии дӯстон ашк дар чашмонам ҳалқа зад.