ҶУСТУЧӮ

Ба идораи мо як ревизори сахтгир омад. На бо касе шухӣ мекарду на табассум. Сарашро набардошта, кор мекард. Нисфирӯзӣ худаш танҳо ба ошхона рафта таом мехӯрд. Таклифи дигаронро ҳеҷ қабул намекард.
— Ман ба ин ҷо барои кор омадаги, на барои зиёфатхӯрӣ,— мегуфт ӯ дар омади гап.
Аз ин рӯҳияи ревизор чашми сардорамон тарсид. Ва ӯ воҳима карда моро ҳам тарсонданӣ шуд, ки то чорае андешем. Инак, кори ба гап дароварда, мулоим гардидани ревизарро ҳамко,рамон — амаки Шаҳобиддин ба гардан гирифт. Ӯ пагоҳии рӯзи дигар ба кор омадан баробар рост ба назди ревизор даромад ва бо ӯ дуру дароз ҳолпурсӣ кард.
— Модар, чӣ хел?— пурсид Шаҳобиддин.
— Замони ҷанг мурданд,— гуфт ревизор намуди ҷиддӣ гирифта.— Мурданд? Оббо мо нафаҳмидем-ку,— рӯймолчаро ба чашм бурд Шаҳобиддин,— Худо раҳматашон кунад. Ҷояшон ҷаннат бошад. Ҷояшон ҷаннат бошад, ки шумо барин йигити нозанинро тарбия кардаанд.
Ревизор ҳамоно хомуш меистод ва дасташ аз чут ҳеҷ канда нашуда рақамҳоро тарҳу ҷамъ мекард.
— Мӯйсафеди падар ҳоло бақувват будагистанд,— боз гап партофт Шаҳобиддин.— Мо бо он кас шиноси наздик. Одам не, тилло. Ба он кас миллион бор раҳмати Худо бод, ки шумо барин ҷавонро тарбия кардаанд.
— Падарам дар ҷанг ҳалок шудаги,—гуфт ревизор,— худи ман дар интернат калон шудагӣ. Вай муйсафеди гуфтагиатон падари ман не.
Шаҳобиддин дар хиҷолат монда, вале худро зуд даст гирифт. Охир ба дӯши вай вазифаи хеле мушкил истодааст. Ҳалли дурусти ин вазифа ӯро метавонад ба сардор наздик кунад. Метавонад, мартабаи ӯро низ баландтар созад. Барои ҳамин ҳам Шаҳобиддин даррав ба афсӯсхӯриву надоматкунӣ даромад.
— Бай, бай,— ба сар ҷунбониву лабмакӣ даромад ӯ,—э, дуньёи бебақо, эй ҷанги лаънатӣ! Ростӣ, ман нафаҳмида будам. Мебахшед, дар хонаатон ҳеҷ кас ҳаст, ки ман ба фотеҳахонӣ равам. Чӣ хел муоибат, чӣ хел рӯзи сахт!
Шаҳобиддин инро гуфту бо қирраи чашм ба ревизор нигарист ва фаҳмидан хост, ки ӯ ба гапҳои вай чӣ муносибате дорад. Оё гуфтаҳои Шаҳобиддин ба қалбаш заррае таъсир кард ё не, ҳанӯз маълум набуд. Ревизор ҳамоно сарашро набардошта, бо шавқ кор мекард.
Аз ин ҳол Шоҳобиддин ҷигархун мешуд. У чораю роҳҳои дигарро ҷустуҷӯ мекард. Бар замми ин ҳар субҳ сардори идораамон «ҳм, читу?» гӯён, аз вай гап мепурсиданд. Шаҳобиддин бошад, ҳар дафъа «насиб бошад, мешавад» гӯён ҷонащро халос мекард вз ба гӯшаи танҳоӣ рафта фикр мекард. Шаҳобиддин рӯзи сеюм ба дасти котиба як чойник чой дода, ӯро насиҳаткунон ба паси дари ревизор бурд. Котиба дарро кушодан баробар ревизор бо як ҳиссиёти норозиёна ба ӯ рӯ овард.
— Ман чойхӯрӣ карда шинам, хоҳарам, корҳо мемонанд, чойро барои амаки Шаҳобиддин баред,— гуфт ӯ бо як туршрӯӣ,— вақти кор, кор, вақти гап, гап.
Котиба дар хиҷолат мондагӣ барин чойники чой дар даст беруи омад. Шаҳобиддин ин ҳолро дида ба талвоса афтод.
— Ҳм, чой намехӯрдаанд?— пурсид ӯ аз котиба.
— Ҳа, идора ҷои чойхӯрӣ не, гуфтанд «ревизор,— гуфт котиба ба тарафи амаки Шаҳобиддин қавоқ андохта.
Акнун Шаҳобиддин дар ҳолати навмедӣ буд: вай чӣ кор кунад? У хуб фикр карда, роҳи дигареро пайдо намуд: қарор дод, ки, рост ба район, ба ҷои таваллуди ревизор меравад ва ятон хеши наздикашро восита карда меорад.
Ҳамин тавр, амаки Шаҳобиддин ба саёҳати райони дур рафту то омадани ӯ Саидбаҳром ин корро ба ӯхда гирифт. Саидбаҳром, ки одами маълумоти миёнаи ҳукукшиносӣ доштагӣ буд, бо як боварии комил ба назди сардори идораамон даромада ваъда дод.
— Ман медонам, ки тамоми одамҳо ба чизе ё «оре шавқ доранд,— гуфт ӯ,— аз ин рӯ, шумо хотирҷамъ бошед, хӯҷаин. Ин бачаро даррав дастгир кардан тани ман.
— Акнун ҳама умедамон ба шумо,— гуфт сардор,— мӯҳлати ревизия хам кам монд. Ин хуни бинӣ кори моро чатоқ мекардагӣ барин.
Саидбаҳром ҳама корро ба як тараф таҳ карда монда, вазифаи алавмонии печҳоро ба ӯҳда гирифт. У акнун ҳар саҳарӣ, баробари омадани ревизор ба печи кабинети ӯ алав монда, баҳонаи алавковӣ карда менишаст ва гоҳ-гоҳ оҳи сард мекашид. Аз афташ оҳи сарди Саидбахром ба ревизор асар кард, ки як пагоҳӣ ба ӯ рӯ овард.
— Ҳм, тағо, чаро ин қадар оҳи сард мекашед? — нохост пурсид ревизор бо овози маҳин сарашро аз коғаз набардошта.
— Э, ҷиян асло напурсед,— бо маҳоли гирья гап сар кард Саидбаҳром,— як саги кори калон доштам, зери мошин монда мурд.
Аз ин гап ревизор чизе нагуфт. Саидбаҳром дид, ки ӯ ба саг шавқ надорад, гапро ба тарафи дигар кашид.
— Порсол ана ҳамин рӯз — гуфт ӯ,— як бедонаи кори калонамро пишак хӯрда, ақаллан парашро хам намонд.
Ревизор ҳамоно чут мезад. Ба назар чунин мерасид, ки вай ба ин гапҳо гӯш ҳам намекунад. Саидбаҳром ин холро дида хеле дилтанг шуд, вале намудашро тағьир надода, ба мавзӯи дигар -гузашт.
— Ҳоло якта кабки ҷангӣ гирифтаам,— ба гап даромад Саидбахром,— метарсам, ки вайро хам лаънатии пишак нахӯрад.
Ревизор аз ин гап қаламу коғазро ба як тараф монда сарашро бардошт.
— Нағз мехонад? Ман ҳам як кабки хеле ҷангӣ доштам. Зимистони гузашта шамол хӯрда мурд,— бо мақоми гирья гап сар кард ревизор.— Э, вай кабк набуд, як бало буд, падараш кабк буду модараш мурғ.
Саидбаҳром тамоман гушу ҳуш шуда, ба ревизор нигарист. Ба назараш, гӯё қитъаи Америкаро кашф карда буд, ки ботинан ба раксу бозӣ даромад.
— Дар деҳаи мо кабкҳои зӯр хеле зиёд,— лоф зад Саидбахром — Кабкҳое ҳаст, ки шабу саҳар мехонад. Худи ман дар хона як кабк дорам, ки қиморбозон ба се ҳазор нарх монданд, надодам.
Гӯё ревизор мумиёи яхкарда буд, ки акнун дар гарми об мешуд. Ҷиддият дар ниҳоди вай намонда буд. У курсияшро ба тарафи печка наздиктар оварда, қиссаи кабкҳои зиёдеро шунидан мехост ва худаш ҳам қиссаҳои зиёде гуфтанӣ буд.
— Боре,— кисса кард Саидбаҳром,— як рафиқам ба хона омада маро ҳамрохи кабкам ба шаҳр ба хонаи як ошпаз бурд. Ошпаз ҳам кабкашро ба рӯи ҳавлӣ овард, ки дар ҳар ду пояш халқаи тиллоӣ дошт. Ман пурсидам, ки чӣ мекунед? Дӯстам гуфт, ки мо пул монда, ҷанг меандозем. Рафиқаму ошпаз ҳар кадом чор ҳазориро ба рӯи дастархон гузошта, кабкҳои бо ҳам шӯрида истодаро сар доданд. Пеши чашмони ман тира шуд. Як ғоят «ҳо, дор» гуфтани дӯстам маро ба худ овард. Чашмамро молиш дода бинам, кабки ошпаз гурехтааст. Дӯстам пулҳоро ба киса зада, даст ба рӯ кашида, аз ҷой бархост. Бархостан баробар сохибхона каллаи кабкашро канда ҳаво дода, худашро ба болои қафаси кабки мо ҳаво дод.
—Ба ҳеҷ куҷо намеравед!— девонавор овоз баровард ӯ.— Кабкатонро ба ивази ин се ҳазор сӯм пул монда, меравед.
Дӯстам рад кард. Ман барои аз моҷаро халос шудан розӣ шуда, «те, равад» гуфтам. Охир, кабк чуфти барзагов не-ку.
— Ҳоло ҳамон кабк зинда ҳаст?—ба ҳаяҷон омада пурсид ревизор ва илова намуд,— ман ҳамин хел каб- ки зӯр кофта гаштаам. Агар ёбам, чанд пуле ки бо- шад, мехарам.
Аз ин гапи ревизор Саидбаҳром гул барин шукуфт ва фурсатро аз даст надода, ба мусоҳибаш рӯ овард.
— Мана, ба ҳавлии мо биёед, мо кабк ҷанг меандозему тамошо кунед,— гуфт ӯ,—рафту ягон кабк маъқул шавад, марҳамат.
— Хуб шудааст,— гуфт ревизор ва ба соаташ нигоҳ карда илова намуд.— Соатҳои панҷуним корро тамом кунем ҳам мешудагист.
— Ҳа, ба одам дам гирифтан ҳам лозим-дия,— насиҳат кард Саидбаҳром,— кайфияти кабкҷанг хастагиро зуд мебарорад.
Ана ҳамин тавр, шаби аввал ревизор ба ҳавлии Саидбаҳром рафт. Дар он ҷо кабкҷангандозию зиёфат чандин соат давом кард. Сонӣ, ҳамин базмро дар хонаи сардор таъин карданд. Он кас аз ким-куҷо як кабки номӣ харида оварда, ба кабки Саидбаҳрому боз чанд кабки дигар ҷанг андохтанд. Дар он маросим кабки сардор ғолиб омад.
Дар базмҳои минбаъд, ки дар ҳашт хонаи дигар ба ифтихори ревизор барпо гардид, боз кабки сардор ғолиб омад.
Боз чанд нафари дигар ба шаҳру районҳои дигар ба кабкхарӣ рафтанд. Акнун тамоми роҳбарияти идораи мо соҳиби кабки чангӣ буданд. Лекин кабки сар- дорамон дили ревизорро обу адо карда, шайдои худ сохта буд.
Ревизия як моҳ давом карда, бомуваффақият гузашт. Ҳама аз об хушк баромада, ревизорро бо як кабки номӣ гусел кардем. Баъди гусел кардани ревизор Саидбаҳром ба сардорамон рӯ оварда гуфт:
— Вай кабки ба ревизор додагиамон барои он зӯр баромад, ки тамоми парҳои баданашро бо оби қаланфур тар карда будем.
Сардорамон дасти Саидбаҳромро сахт афшонда, аз беҳунарии тағои Шаҳобиддин бо кинаву адоват гап кушод.
Ҳоло миш-миш ҳаст, ки ба идораи мо боз ревизори дигар меомадааст. Акнун намедонем, ки вай ревизори меомадагӣ ба чӣ чиз шавқу ҳавас дошта бошад: ба кабк, бедона, саги думдароз ё хурӯси ҷангӣ?