Дастархонро паҳн карда чою нон ва қанду қандалот оварданд. Воқеан, як пиёла асал ҳам ногахон пайдо шуд. Соҳибхона — амаки Мирхол нимшнонро шикаста, ба миёнаҷои дастархон, ки ба он расидани дасти меҳмон — Зиёуддин амри маҳол буд, партофт. Лекин меҳмон аз он ки хислати соҳибхонаро дер боз медо- «ист, беибо даст дароз карда, Я1к пора нонро аз миёна- Чои даста;рхон ба тарафи худ кашид.
— Мебахшед, нон як каме хушк шудагӣ барин,— ғурунгид амаки Мирхол,—нони хушк аҷали меъда-дия…
— Нонро дар чой тар карда хӯред аҷаб кайфияте дорад,—гуфт Зиёуддин паст наомада,— раҳматии бобоям нони таркардагиро хеле дӯст медоштанд.
Байни меҳмону соҳибхона хомӯшие барпо шуд. Зиёуддин аз ин хомӯшӣ истифода бурда, луқмаи нонроба асали пиёла тар карда, ба даҳон бурд ва ба тарафи соҳибхона нигоҳ карда, ба сарҷунбонӣ даромад, ки он ифодаи хуштаъмии асал буд.
— Ин асал, каме кӯҳна шудагӣ,— гуфт соҳибхона,— барои ҳамин ҳам зарар накунад, мегӯям.
Меҳмон ҳеҷ аҳамият надод ва пораи дигари нонро ба асали пиёла тар карда, ҳамин вақт чашмаш боз ба чашми соҳибхона афтод, ки ӯ ба ҳар тараф печутоб хӯрда, бедимоғӣ мекард.
— Асали сабил гулуро месӯзонад,— гап партофт соҳибхона оби даҳонашро фурӯ бурда,— як вақтҳо асал роҳи нафаси маро кариб банд карда буд. Агар ин музир намебуд, номашро асал намемонданду кандалот мегуфтанд.
Зиёуддин ҳеҷ парвое накарда, нонро боз ба асали пиёла ғутонда, ба тарафи соҳибхона амаки Мирхол як назар андохт. Соҳибхона чашмонашро нимпӯш карда, оҳи сарде кашид ва чинҳои пешонааш боз бештар гардиданд.
— Худораҳматии амаки манро ҳамин асал кушт,— ба қиссакунӣ даромад амаки Мирхол, бо овози ларзишнок — Агар ҳамин асали зормондаро намехӯрданд, шояд ҳамин ҳозир ҳамсуҳбата мову шумо мегаштанд.
— Мизоҷи худораҳматӣ хунук будааст,— гуфт Зиёуддин. Асал чизи гарм аст, ба одами мичозаш хунук намефорад.
Соҳибхона чойники хурдакакро бардошта, ба тарафи хонаи дарун рафт. Зиёуддин аз ин лаҳза истифода намуда, ними асали пиёларо ба як лахта нон печонда, ба даҳон андохт. Ана, ҳамин вақт, соҳибхона амаки Мирхол чойники чой дар даст аз дар даромаду чашмаш ба пиёлаи қариб холишудаи асал афтод. Чашмаш афтоду вазъияташ тамоман тағьир ёфт. Ҳамон дам гӯё пеши чашмонаш тира гашту баданаш аз арақи хунук тар гардид. Андоми лоғари вай чанд дақиқа мисли ҳайкал беҷону беҳаракат буд.
— Асал бо нони гарм хуб аст,— гап гирифт соҳибхона бо овози ларзишнок ва аз меҳмон ҷавоби хуше интизор шуда, ҳамоно хомӯш монд. ё аз афташ, ба хулосае омад, ки ба меҳмон гап задан дигар фоидае надорад.
— Гапатон ҳақ,— гуфт меҳмон — Зиёуддин, ба чашмони нимроғи соҳибхона чашм дӯхта,— умуман, асалро ба нон хӯрдан фоидааш камтар. Агар кас ба болои ҳамин асали боқимондаи пиёла чой рехта хӯрад, мисли тунуккорд фоида мекунад.
Соҳибхона аз тарси он ки меҳмон чойникро пеш кашида, худаш ба пиёлаи асалолуд чой мерезад, дастаи чойникро дошта монд. Ҳол он ки меҳмон ин гапро барои мисол гуфта буд, на барои тарсондан ва ё таҳдиди соҳибхона амаки Мирхол.
Ин дафъа меҳмон тамоман ба ҳуҷум гузашт. Соҳибхона — амаки Мирхол барои пешгирӣ мамудани ин ҳодисаи барояш мудҳиш ба меҳмон пиёлаи чой дароз карда, хост, ки дасти ӯро аз таҷовузи асал боз дорад. Амм’о нашуд. Меҳмон бо як чусту чолокй нони бо асал таршударо озод ба даҳон андохта, барои хӯрдани асали боқимонда, омода шуд.
— Ҳой, ҳой, бародар!— пиёлаи асалро қап зада, кафид соҳибхона,— амаки Мирхол.— Агар асали хонаи ман шуморо, Худо накарда, кушта монад, ман ба зану фарзанди шумо ва ба хешу табори шумо чӣ мегӯям? Шармандагӣ?
— Рафту ман мурда монам,— гуфт меҳмон — Зиёуддин пиёлаи асалро сар надода,— ба хешу ақрабоям гӯед, ки ман асали амаки Мирхолро хӯрда, аз ин олам беармон гузаштам.