ОДОБИ ҲАМИДА

Як ҷумлаи характеристикаи Қосим ҳамаро ба ташвиш овард: «Қ. Саидҷалилов нисбат ба ҳамкорон ғамхор ва хеле дилсӯз аст».

Яке аз роҳбарони база ана ҳамон хислати дар характеристика навиштагиро ба хотир оварда, ба Қосим гуфт:

—  Аз шумо бригадирй намебарояд. Дар ин ҷо ҳама одамони аз таги дор гурехтагӣ. Ба шахсони ба ҳафт гӯлах алав мондагӣ сарукор доштан осон не. Не, ба ин мардум ҳалимгуфторӣ роҳ намеравад.

—  Ҳа, бояд, бригадир одами шахдаҳони бадқаҳр бошад,— гуфт раиси иттифоки касабаи коргарон.— Бо гапи хуш гуфтан кор пеш намеравад. Салому рӯи хуш дидем, тамом. Ин хел коргарҳо давида ба фарқи сари бригадир мебароянд. Ба ҷои кор кардан сигарет дуд карда, ҳуштак кашида мешинанд.

Қосим як андоза рӯҳафтода шуда, табассумкунон берун омад.

—  Хайр, пагоҳӣ биёед, боз маслиҳат мекунем,—гуфт ҷонишини мудир ҳангоми хайрухуш.

Қосим пагоҳии барвақт ба қабулгоҳи раиси иттиҳодия омад.

—  Ҷои шуморо ёфтем,— гуфт ӯ бо ҷиддият.— Аз ҳама хубаш посбонӣ. Ҳа, читу?

—  О, ман иқтисодчӣ, бухгалтер-ку,— гуфт Қосим бо оҳанги нарм.

—   Хайр, чӣ кунем?—китф дарҳам кашид раис.— Посбонӣ ҳам кори мушкил. Лекин дар ин мансаб ҳам сахтгир будан лозим… Ҳа, воқеан, намешавад. Ёфтам.

Ақаллан, ана ҳамин ҷумлаи характеристикаатонро дигар кардан лозим.

—  Чӣ хел?— пурсид Қосим ҳалимона.

—  Масалан, ба ҷои «ба ҳамкорон дилсуз ва ғамхор», «ба ҳамкорон сахтгир ва дагалмуомила» нависанд, роҳи шумо кушода мешавад.

—   О, ман одами дағалмуомила не-ку,— гуфт Қосим китф дарҳам кашида.

—   Дуруст, бародар,— гуфт раис.— Аммо дар ин базаи мо нарммуомилагй кор намедиҳад. Ин ҷойро база мегӯянд, на боғчаю кӯдакистон.

—  Хайр, ман ба ҷои дигар рафта кор мекунам,— гуфт Қосим сарашро набардошта.

—  Дидед, иродаатон ҳам суст,— эрод гирифт раис.— Базаи мо ҷои одамони иродаи суст доштагӣ не. Дар характеристикаатон «одами ҳалим ва меҳрубон» гуфтанашон ҳамин. Хайр, ақаллан шумо «одами дилсӯз ва принципнок» мегуфтанд. Тарзи гапзаниатон ҳам мазза надорад бародар. Агар илоҷаш бошад, ҳамон гапи гуфтагиамро дар характеристика медаровардед.

Қосим боз боодобона хайрухуш карда берун омад. Ӯ дар кӯча қадам мезаду чеҳраи раис аз пеши назараш дур намешуд, ки гӯё мегуфт: «Базаи мо яслию кӯдакистон нест, ки ба тифлон ҳалимгуфторӣ кунед». Бадани Қосим як каме тасфида, боз сард шуд. Арақ аз ҷабинаш то ба нӯки бинияш шорида, қатраи борон барин ларзидан гирифт. Бале, ин як навъ тағьироти ботинӣ дар вуҷуди Қосим буд.

Пагоҳӣ, вақте ки Қосим ба қабулгоҳ омад, маҷлис буд. У соатҳои зиёд рост истода, каме асабонӣ шуд. Ду нафари дигари дар қабулгоҳ истодагӣ ӯро тасалло дода мегуфтанд:

— Модоме ки барои кор кардан омада.бошӣ, шикоят накун, бародар.

Қосим кадри бемутако набуд. Ана, вайро боз худи раис даъват намуда, ба кабинеташ даровард.

—  Характеристикаро дигар кардед?— пурсид раис ботамкин.

—  Не! Агар хохед, қабул кунед, нахоҳед, ман шумо барин аҳмақи бекора нестам, ки хола-хола карда гаштан гирам.

Қосим инро гуфту аз гиребони раис дудаста дошта, афшондан гирифт.

—  Офарин, боракалло!— гуфт раис тугмаҳои канда шудаашро аз болои гилем бо хурсандӣ чида истода.— Ана, ҳамин хел шудан лозим. Мо ташнаи ҳамин хел кадрҳо.

Хатари дигар кардани характеристика ҳанӯз ҳам аз байн нарафта буд. Хаёли ба сар бардоштани дари девори идора дар сари Қосим барқ мезад.