Маро дар ин бино будагиҳо беҳад эҳтиром мекарданд. Ҳар кадомашон аз ман пештар салом дода, аз зиндагиву аз корам мепурсиданд. Албатта, эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан қарзи инсонист мегуфтам дар дил ва аз ҳаққу ҳамсояҳо ботинан хурсанд мешудам. Дар асл ҳамсояҳои мо он қадар аҳлу баодоб набуданд, ки боиси ифтихори мо бошанд. Қариб ҳар ҳафта овози моҷарои яке баланд мешуд: яке ё бо занаш моҷаро мекарду ё бо ҳамсоя. Лекин дар ин тӯли солҳо, шуқр, баландгӯи нашавад. Ҳалимбой барин як одами ба тамоми ҳамсояҳо як-як ҷанҷол кардагӣ, ҳам ба ман эҳтиром дорад. Самади дангоса, қи кораш ҷангу моҷаро хаст маро бисьёр дӯст медорад ва дар ҳар мулоқот мисли писарамак оғӯш кушода, ба сӯи ман меояд. Икроми занҷаллоб ҳам ҳар шабу саҳар то аз аҳволи ман напурсад, хобаш намебарад.
Вақтҳои охир маро ба ҷиҳати оқсақолу вакил ҳам истифода мекунанд. Чанд моҳ пештар Ашӯрбоқӣ маст шуда омада, ба ҳамсояи дасти росташ барои дупула гап моҷаро бардошт ва ҳамла кард.
— Ман туро зада талқон мекунам,— гуфт Ашурбоқӣ ҳамсояҳоро ба ду тараф тела дода.
Ҳамсояҳо ночор шуда, маро ба ёрй даъват карданд. Ман, ки як одами лоғарандоми қадпаст будам, даставвал аз тарс пеш наомадам ва аз дур истода ба тарафи Ашӯрбоқии аз миёнаш боло бараҳна овоз баровардам.
— Ҳой, бародар айб аст,— гуфтам ва дар ботинам як ҳиссиёти тарс пайдо шуд. Тарсидам, ки мабодо Ашӯрбоқӣ ҳамсояро монда ба ман ҳӯчум накунад ва бо мушташ ба фарқи сарам нафурорад.
Чи мегӯед, Ашӯрбоқӣ овози маро шунидан баробар пилла барин нарм шуда, аз ҷанг даст кашид ва чун бародари ҷонӣ оғӯш кушода ба тарафи ман омад ва ба узрхоҳӣ даромад.
— Акоҷон, бисьёр мебахшед, тавба кардам, номаъқул кардам,— ба волаву зорӣ даромад Ашӯрбоқӣ,— ман гунаҳгор, акаҷон, гуноҳамро бахшед. Аз хурдон гуноҳу аз бузургон ато. Мебахшед, акаҷон, ин бори охирин, охирин бор…
Аз чунин муносибати Ашурбоқӣ ҳозирон дар ҳайрат монданд. Ман ҳам дар хичолат мондагӣ барин сарамро каме хам карда, вале боз худамро фавран даст гирифта, калонгирона гуфтам:
— Ҳм, дигар такрор нашавад, ӯка! Ин бори охирин!
— Ҳа, карати охирин, акаҷон, мебахшед, мебахшед, ки…— гуфт Ашӯрбоқӣ ва аз дастони ман чанд бор бӯса зад.
Мо ҳама пароканда шуда ба хонаҳои худ рафтем.
Пагоҳӣ Ашӯрбоқӣ ба ҳуш омада, барои узрхоҳӣ омад.
— Ман аз рӯи шумо шарманда, акаҷон,— ба илтиҷо даромад ӯ,— ман аҳмақ-дия, ман аҳмаки бетарбия.
— Хуб, шуд!—гуфтам бозарба ва аз ҷоям бархостам.
Ашӯрбоқӣ бори дигар узр хоста рафт.
Акнун ман дар ин бино тамоман болонишин будам.
Дар тамоми маслиҳату машваратҳо ва ҳатто дар ҷангҳои оилавӣ иштирок мекардам. Мана, чанд вакт пештар Исохӯҷа бо ҳамсараш моҷаро кард. Моҷарои вай ҳам аз сари мастӣ буд. У чашмонашро аз косахонаи сараш бароварда мегуфт:
— Ҳой, халос мекардагӣ одамро зада шашлик мекунам! Ҳа, гапам якта!
Ҳамсояҳои ситоратунук тарсида, дигар пеш наомаданд. Исохӯҷа дари хонаи дарунро, ки онро ҳамсараш аз дохил маҳкам карда буд, бо лагад зада дод мезад.
— Ҳар кас наздик шаваду бинад… Қашидаву кушода ба сараш чунон мефурорам, ки аз оташаки чашмаш рӯи ҳавлӣ равшан мешавад.
Ҳамин вақт ман ҳангоми моҷаро расида омадаму ҳамсояҳо байни худ ба пичир-пичир даромаданд.
— Мана, Одилбек омаданд. Олам гулистон.
— Хайрият-е, офтоб аз куҷо баромад?
— Ҳа, худаш чӣ гап? гуфтам калонгирона во овозамро каме бадвоҳима намуда.
Исохӯҷа лагад задани дарро бас карда, як ба тарафам зеҳн монда, чашмонашро ало кард. Аз тарс ба бадани ман мӯрча давиду вале ҳеҷ паст наомадам. Барои он паст наомадам, ки ҳамлаи Исохӯҷаро ҳамсояҳо дошта метавонанд. Бинобар он овозамро боз ҳам ғафс карда гуфтам:
— Ҳм, Исохӯҷа, худаш чӣ гап?!
— Ҳеҷ гап не, муаллимҷон,— гуфт у фалла барин нарм шуда,— маро бубахшед, муаллим, ба Худо, ки шуморо нашинохтаам.
— Бемаънигӣ бас!— гуфтам ҳавобаландона дар ҳоле, ки ҷои тарсро ҷасорат гирифта буд.
Ин дафъа Исохӯҷа оғӯш кушода, маро ба бағал гирифт ва аз сару рӯям бӯсида ба узрхоҳӣ даромад.
— Муаллимҷон, бас кардам. Эҳ, мани аҳмақ! Ин чӣ коре буд, ки кардам. Не, маро бубахшед,— гуфт Исохӯҷа ва ба ҳозирон рӯ овард,— ҳамсояҳои азиз, аз шумо ҳам узр мехоҳам. Худамро дар назди шумо гунаҳгор меҳисобам. Эҳ, лаънат ба арақ, лаънат ба ҳамон ҷӯраҳои бадмаст…
Барои ба ифоқа овардани ҳамсояҳо ҳам маро даъват мекарданд. Чанд вақт пештар ҳамсояҳо Саидҷамолу Саидқосим бо ҳам моҷаро карданду аз якдигар тамоман рӯй тофтанд. Ҳамсояҳо маро ба хонаи Саидқосим даъват намуданд, ки дар бораи оштӣ додани ӯ бо Саидҷамол гуфтугӯй кунем.
— Ман дигар то қиёмат оштӣ намекунам,— гуфт Саидқосим аз ҷояш нимхез шуда.
Ман ҳам дар ин маврид ҳеҷ паст наомада, ӯро аз китфаш дошта, шинонда бо овози таҳдиднок гуфтам:
— Ҳой, аҳмақӣ ҳам эбаш-катй, бародар. Мо омадем, ки…
— Ҳоли ту маро аҳмақ гуфтӣ,— гӯён Саидқосим кашида кушода ба баногӯшам чунон шинонд, ки аз чашмонам аланга парид.
Ман ҳам аз ҷоям бархоста, ба сари ӯ бо дастҳои кутоҳ ва лоғари худ мушт кашида будам, ки боз корам омад накард. Ин дафъа бо як зарбаи дигар сахт ба замин зада, қариб аз ҳуш рафта будам.
***
Ҳоло бист рӯз боз аст, ки ман аз ҷойгаҳ нахестаам. Сарам ғув-ғув мекунад. Намедонам, баъд аз ин ҳам ҳаққу ҳамсояҳо маро ба хотири ҳамон дастакҳои боксёрии ҷиянам, ки дар мехи балкон овехта рафта буд, ҳурмат мекарда бошанд ё не?..