Ба назди сардори управленияамон барои як хоҳиш даромадам. Қабл аз ба сари максад омадан, аввал аз ваҷоҳаташон маъние кашидан хостам. Ҳангоми вохӯрӣ кардан, рухсораҳои аракшорашонро бо дасти чап молиш дода, чиркҳои моракшударо ба байни ангуштон гирифта, ба тарафи ман пуф карданд. Ин ҳаракати сардор чунин маънӣ дошт, ки ҳоло он кас дар банди андешаҳои дигар ҳастанд ва барои шунидани гапи касе чандон марок надоранд. Баъди анҷом ёфтани пурсупос он кас дасташонро беихтиёр ба баногӯшашон бурда, нармаки онро тоб додан гирифтанд. Ин ҳолати сардор ҳам чандон фоли нек надошт. Дар чунин ҳолат он кас ҳамсӯҳбати худро мазаммат кардан мехоҳанд. Бинобар он, дар вуҷудам мӯрча давиду дам назада нишастам. Чӣ мегӯед, ҳамин дам хӯҷаин дасташонро ғайри чашмдошти ман, аз баногӯш гирифта, аввал ба паси сар, баъд ба нӯки бинӣ оварданд, ки он ҳам ба фоидаи ман набуд. Аз ин рӯ, «ҳм, ин вактҳо камнамо» гуён, бо оҳанги киноя гап кушоданд. Лекин хушбахтона, манзара дар як лаҳза тамоман тағьир ёфт: хуҷаин ангушти ишораро ба сӯрохии чапи биниашон тиққонда, умеди барбодрафтаи маро як андоза барқарор намуданд. Он кас одатан дар ҷараёни биниковӣ аз ҳад нарм шуда, ҳатто ба корафтодаҳо низ аз ягон хусус маслиҳат карданӣ мешаванд. Бале, ин ҳам дар вақти кофтани сӯрохии бинии чап рух медиҳад. Мутаассифона, хӯҷаин ангушташонро аз сӯрохии бинӣ бароварда, ба молиш до дани ҷабинашон сар карданд, ки он ҳам боиси умедворӣ набуд.
— Одамҳои аҳмақ бисьёр-а?— гап партофтанд он кас ва ба молиш додани косахонаи чашми чап гузаштанд. Ҳангоми молиш додани чашми чап одатан раги ғайбаткуниашон бедор мешавад.
— Мегӯянд, ки баъзеҳо дар ҳаққи ман гапҳои носазо мегӯянд,— гап партофтанд хӯҷаин ва дилашон ба ман об нахӯрдагӣ барин мӯйҳои даруни бинияшонро бо ҳавсалаи том кандан гирифтанд, ки ин одат ҳам ба фоидаи ман набуд. Дар чунин лаҳзаи ҳассос, ки ба ғазаб омадани сардор аз имкон берун набуд, аз омаданам хеле пушаймон шудам. Хайрият, маросими кандани мӯи даруни бинӣ анҷом ёфту хӯҷаин даст ба киса бурда, рӯймолчаи гулдӯзии шилшиладореро бароварда, арақи гарданашонро пок намуданд, ки аз ин ҳол дилам боғ-боғ кушод. Охир, як худи пок кардани арақи гардан аломати ба худ омадан, пайдо шудани ақидаи мусбат нисбат ба ҳамаи корафтодагон аст. Ба шарте ки хӯҷаин баъди чунин одоби ҳамидаи худ, ба гулуафшонӣ надарояяд… Гулуафшонӣ як аломати барҷаста ва возеҳи пайдо шудани лаҳзаи якравӣ ва ман-манй дар ву- ҷуди сардор аст. Аммо, хушбахтона, ин тавр нашуд. Сардор дасти росташонро рост ба болои ишками кало- нашон гузошта, молиш додан гирифтанд, ки он далели комилан бедор шудани ҳисси ғамхорӣ дар ботинашон аст.
Воқеан, ман ҳам фурсатро ғанимат доииста изҳори матлаб карданӣ будам, ки занги телефонашон баланд шуд.
— Алло, ин ман,— гуфтанд гушакро бардошта!—о, шумо ин кадар камнамо? Шукр, настроенияҳо хуб, бад не…
Баъди гуфтугӯи самимона хӯҷаин каме монда шуда, ангуштонашонро якта-як кашидан гирифтанд, ки ин хислаташон барои ман ва тамоми тобеони дигар маъ- лум набуд. Аз ин сабаб, худамро даст гирифта, матла- бамро нагуфта, каме таваққуф кардам. Ана, ҳамин вақт боз воқеаи муҳими дигаре рух дод. Сардор дасти росташонро мушт карда, дар болои миз бозй дорондан гирифтанд, ки он шаҳодати ангезиши системаи марка- зии асаб ба тарафи манфӣ буд. Акнун ният кардам, ки гапамро ба ягон лаҳзаи муносиб мегузорам. Расидани ягон лаҳзаи фараҳбахш, мисли бо чӯби гӯгирд кофта- ни даруни гӯшҳо ва ҳаддулақал сар шудани маросими хамьёзакашию таърифу тавсифи зиёфатҳои гузашта, сӯҳбати маро дилчасп мекард.
Мана, се моҳи аввали сол ҳам гузашт. Ҳеҷ не ки хӯҷаин даруни гӯшашонро ба гӯгирдчӯб кобанду ман гапҳои дар дил доштаамро қисса кунаму он кас беист калла чунбонанд.