ДИЛСӮЗ

Бачаи ҳамсояамонро дар сари дуздӣ даст гирифта, ба шӯъбаи милиция бурданд. Модари бача сарашро ба дарудевор зада зор-зор мегирист. Падар низ сарашро дудаста дошта, аз ғусса лаб мегазид.

—   Ҷон, ҳамсояҷон, Икроми ман як бор бачагӣ кар- даасту ҷонашро халос кунед,— илтиҷо намуд модар бо оби дидагонаш рӯй шуста.

—    Кори тасодуфӣ — гуфт падар дастонашро ба зонуҳояш зада.

Ман ба хотири эҳтироми ҳамсоягӣ ночор ба маркази район рафтам. Падари бача бо ман ҳамроҳ шуд. Ҳаво хеле гарм ҳаври тасфони гармӣ сару рӯи моро дар болои мошинаи боркаш лесида мегузашт.

—   Бачаякамро бегуноҳ бурданд,— ҳасрат кард падари Икром. Барои ду мурғи ҳамсоя ин қадар ташвиш. Ин участкабояш ҳам одами сабукфикр будааст.

—   Гап дар сари мурғ не, мегуфтам ман ва окибати чунин рафтори Икромро ба падараш фахмонданӣ шудам.

Аммо меҳри падарӣ айби фарзандро мепӯшондагӣ барин. Ҳамсоя ба гапҳоям гӯё гӯш накарда, оҳи сард мекашид. Дар шӯъбаи милиция ман бо сардори он мулоқот кардам.

—  Икром ҳоло ҳукми тифлро дорад,— гуфтам.— Ба назарам, ҷазои сахт ӯро одам намекунад. Баракс шӯрапушт ва гапношунав мешавад.

—   Дуруст, бародар,— гуфт сардори шӯъба, ки марди солхӯрда ва ботаҷрибае буд,— мо ҳам тарафдори дар озодӣ мондани ҷавон. Лекин ба шарте, ки мову шумо аз як гиребон сар бароварда, ба тарбияи ҷавон камар бандем. Ба рафтори ношоистаи фарзанди каси дигар хурсанд нашавем.

Рӯзи дигар мо ба худи Икром вохӯрда, як ҷо бо падараш сӯҳбат намудем.

—  Писарам ин корат аз рӯи одоб не,— гуфтам ба чашмони пурнами ҷавон нигариста.— Ту ба ин рафторат ҳамаи моро шарманда мекунӣ.

Ду дона ашки Икром аз бари рухсораш шорида, ба қафаси синааш зад. Падараш ҳам аз шиддати гирья ҳиккак зада, «Э, бачаякаме», гуён, дилсузӣ мекард.

—  Гап ҳамин,— гуфтам ман,— мо бо сардори милиция сӯҳбат намудем. Вай барои озод кардани ту рози шуд. Ана дар ин маврид худат чӣ ваъда медиҳӣ?

—     Ман дигар ягон номаъқуль намекунам!— ба илтиҷо даромад Иқром.— Маро бубахшед, маро…

Ман Икромро ба кафолат гирифта, ба шуъбаи милиция забонхат додам. Ва гуфтам, ки тарбиаи ин ҷавони роҳгумзадаро минбаъд худам ба ӯҳда мегирам.

Падар озод шудани фарзандашро дида, ашк аз чашмонаш равон кард. Вай аз хурсандӣ гоҳ маро ба оғӯш мекашиду гоҳ писарашро.

— Ҳамааш барои ду мурғи ҳамсоя,— гуфтам ман ба китфи Икром тап-тап зада,— мана, Иқром, ба осмони соф нигар. Офтоб, кӯҳ, обу сабза. Ҳамааш неъмати озодӣ.

Мо гашти рӯз ба автовокзал омада, интизори автобуси деҳаамон шудем. Ҳамин вақт як мошини шинос пайдо шуда, моро ба болои моли магазин савор кард. Ман ба болои кӯрпаҳои нав дароз кашида, аз хастагӣ ба хоб рафтам. Икром низ дар паҳлӯям такья намуда, аз ман чашм намеканд. Чеҳраи пур аз меҳру шафқати ман дили ӯро боғ-боғ мекушод.

***

Бегоҳӣ, вақте ки ба хона расидам, пулам дар бағалкисаам набуд. Икромро барои моли ҳамсоя бахшиданам, бас, лекин барои пули худам мехоҳам вайро мисли картошка пӯст канам.