ТАРБИЯИ БАДАНӢ

—   Дарси имрӯзаи мо машқ дар турник,—гуфт муаллими нави тарбияи ҷисмонӣ ба шогирдон ва ба ҷавони лоғарандоми қоматбаланд ишора намуда илова кард:— ҳой, бача номи ту чӣ?

—   Номам Насим,— гуфт бача.

—    Насимчик канӣ, ба турник баро.— амр дод муаллим.

Насим ба зери турники баланд омада, каме ба боло нигоҳ кард ва баъд муаллақ заду дасташ ба мисрон нарасида, ба поён афтод.

—   Ана, гапу мана гап, ҳайфи ту, ки дар турник машқ карда наметавонӣ,— эрод гирифт муаллим ва ба рӯихат нигоҳ карда гуфт:— Соҳиб Назаров, навбати ту.

Бачаи чорпаҳлӯи қадпаст хамьёзакашон ба зери турник омада, аввал ба сутун, сонӣ бо ду дасташ аз ду ҷои мисрон дошта худашро овезон намуд ва хост, ки бо кувъаи бозувонаш, ҷуссаашро ба боло кашад, натавонист.

—   Бай, бай, фуро, ту ҳам мазза накардӣ,— гуфт муаллим ва бачаи дар рӯбарӯяш истодаро ишораи баромадан кард.

Бача ба сари хам ба назди пояи турник омада бо як ҷаҳидан аз мисрон дошта худашро ба боло кашидан гирифт.

—Офарин, боракалло!— ба таъриф даромад муаллим.—Ана машқ дар турник ҳамин тавр мешавад, бачаҳо,

Муаллим дуди сигорашро фур бурда онро аз сурохиҳои бинияш берун мебаровард. Ҳамин дам як бачаи лоғарандоми дигар худнамой карда, ба як муаллақ задан мисронро ду даста доштанӣ шуд. Вале нӯги ангуштонаш расам нарасам боз ба болои гил афтод.

—   Бачаҳо мазатон не,— гуфт муаллим ҷуссаи ғулаашро ба ҷунбиш дароварда,— қоидаи турникбароӣ ҳамин: аввал бо як ҷаҳидан мисронро дудаста дошта, худро овезон кардан лозим, сониян, мушакҳои дастро ба кор андохта, сари худро аз мисрон баланд кардан даркор.

Муаллим инро гуфту ба зери турник омад ва бо як ҷаҳидан мисронро қапида, вуҷудашро мисли канори пур аз коҳ овезон кард ва овоз баровард:

— Канӣ, бачаҳо маро бардореду ман турниккаширо ба шумо ёд диҳам.

Бачаҳо аз пойҳои муаллим дошта, хуб бардор-бардор карданду аммо натиҷае надод. Дастони муаллим бефараҳ шуданду таппӣ ба замин афтод ва нафасашро каме рост карда, боз ба бачаҳо рӯ овард:

— Ман дар синни шумо кӯҳро зада талқон мекардам,— гуфт ӯ— Аз ёд набароред, дарси ояндаи мо гавак кашидан дар болои сабза… Агар таъмири ошхонаамон тамом шуда бошад, дигар намеоям.