МАҲОРАТ

Журналисти ҷавон мудири хонаи маданияти колхозро даъват намуда, аз кору бораш пурсон кард.

—   Шукр, саломатиям бад не,— гап сар кард амаки Қамар.— Бачам, ду сол пештар пои ростам як дард бароварда, бисьёр азобам дод. Шукр, ҳоло ҳозир хуб. Ҳа, гуфтагӣ барин аз саломатии худатон пурсам, бачам. Падару модар хуби хӯб ҳастанд? Аз номи ман албатта саломашон гӯед, ки амаки Қамар саломатон гуфтанд.

—  Амакҷон, аз кори хонаи маданият як-ду даҳан гап занед,— ба сари мақсад омад мухбири ҷавон.

—   Ҳама гап дар саломатӣ, додарам,— боз таноби суханро бо тарафи дигар кашид амаки Қамар.— Ҳа, ду сол пештар, бачам ба дарди сари нимсара гирифтор, шудам. Эҳ, ин дарди ҷудо ҳам ганда. Шабу ними шаб чунон ҳамла мекунад, ки… Эҳ, илоҳо душмани кас гирифтор нашавад. Чунон дарди зӯр ки одам чашмашро кушода наметавонад…

—   Амакҷон, ин гапҳоятон хуб. Аммо дар хусуси кори хонаи маданият ҳам гап мезадед, аз фурсат истифода бурда гап партофт мухбири ҷавон.

—   Кори клуб нағз, додарам,— ба сари максад омаданӣ шуд амаки Қамар,—Мана, ин соли шонздаҳум аст, ки мудирам. Лекин, додарам, акнун пир шудам. Хоҷа Ҳофиз гуфтаанд, ки «Чун пир шудӣ, Ҳофиз аз майкада берун шав!» Рост гуфтаанд, он кас. Ҳа, гуфтагӣ барин бачаҳо ҳам аз кори ман розӣ не. Мегӯянд, ки «падар панҷ ракаат намозатонро хонда дар хона шинед». Шукр ҳашт писару чор духтарро ба воя расонда, ҳамаашонро хонадор кардем. Шукр, фарзандҳо ҳамааш хондагӣ. Шукр, набераҳо ҳам калонакак. Бачам, шумо ҳам фарзанди худам. Ман акнун дувоздаҳта неву бо шумо сездаҳта фарзанд дорам. Аз як падару модар будани фарзанд шарт не. Писархондҳое ҳас- танд, ки муҳаббаташон аз фарзанди зоида ҳам баландтар аст.

—   Амакҷон, дари хонаи маданиятро кушоед, як тамошо кунем,— гуфт мухбир ба оҳанги илтиҷо.

—   Маро акнун амак неву падар гӯед,— гуфт амаки Қамар ва кисаҳои шиму пиджакашро кофта, баъд ба мухбир бо ҳаяҷон рӯ овард.— Бай, бай, хайрият ки ба хотирам расондед. Бачаи хурдиамон, яъне, додари худатон калидро шаш моҳ пештар тасодуфан ба кисааш андохта, ба аскарӣ рафта буду, ҳоло нафиристодааст.

—   Ҳи-ҳи,— хандид мухбир.

Амаки Қамар ҳис кард, ки ин мухбир аз вай одамҳои ба гапҳояш обулой мешудагӣ не. Бинобар он роҳи дигарро пеш гирифта ба таҳдидкунӣ даромад.

—   Яъне, шумо гуфтанӣ, ки ман қулфи дари хонаи маданиятро шиканам! Не! Ман авбош не! Ман одами поквиҷдон. Ин хатои сиёсист фаҳмидед? Фаҳмидед?!— ба додзанӣ даромад амаки Қамар.

Мухбир ҳеҷ паст наомад. Амаки Қамар ҳаминро ҳис кард, ки дар муборизаи худ ба мукобили даҳҳо намояндаҳои аз ин пеш омадагӣ ҳамеша ғалаба кардаасту имрӯз аввалин бор шикаст мехӯрад.