НЕКӢ БА ҲАЗРАТИ ИНСОН

Ман нимишабӣ аз назди истгоҳ мегузаштам, ки марде бар болои харак дароз кашида сурудхонӣ мекард. «Ман булбуламу баҳора дӯст медорам» гӯён, бо овози баланд замзама мекард. Аз суруди форамаш куршапаракҳо дар атрофаш парвонавор болу пар мезаданд. Чуноне ки нависанда Шукурӣ гуфтааст, магасҳо дар фазои беғубор парафшонӣ менамуданд.

Ҳамин дам ман ба назди он марди масту аластомада гуфтам:

—  Хезу ба хонаат рав, ки аздусар интизоранд.

—   Ҳӣ-ҳӣ,— хандид марди масту аласт — агар худам хеста метаваниотам, дар ин ҷой хоб намекардам.

Ҳамон дам ҳиссиёти инсондӯстии ман бедор шуд ва аз даоти он мард гирифта, ӯро аз болои харак бар- дошта ба пой истод намудам. Сари маст ба рӯи бозуҳояш наистода, ба ҳар тараф чарх мезад.

—   Канӣ, рафтем, ошно. Хонаат дар кадом тараф?— савол кардам ман.

—   Гу ба адреси хонаи ман чӣ кор дори?— савол кард маст ва ҳамин дам чизе ба ёдаш омаду илова кард.— О, маро ба хонаи худам бурда истодаӣ-а? О, раҳмат, акаҷон. Ба ҳамон ҳушьёрхонаи сабилмонда набарӣ, шуд.

Ман аз зери бозӯи маст дошта, ӯро по ба по ба тарафи ҳавлиаш мебурдам. Дар кӯчаҳо касе набуд. Танҳо мошинаҳои масткашон мегузаштанду халос.

—   Ҷӯраҷон, биё каме сурудхонӣ кунем,— пешниҳод намуд ӯ.

Азбаски суруд хонданаш аз дашном доданаш хубтар аст, розигӣ додам. Ва ман мувофиқи хоҳиши у «раппарам» — гӯён, бо даҳонам мусиқӣ менавохтаму ӯ суруди «Лайло, Лайло, Лайло, Лайлоро бурдем, Лайло» гуфта, гулударронӣ мекард. Аз ин садои ноҳинҷори маст баъзеҳо чароғи хонаву ҳавлиашонро даргиронда, тамошо мекарданду якта-нимта буздилон аз тарс чароғҳоро хомӯш мекарданд.

Баъди тай намудани роҳи яксоата маст дари дарвозаашонро аз дур нишон дода гуфт:

—  Ҳӯ, ана ҳамон дарвозаи кабуд азони мо. Вайро ман худам ранг молидагӣ. Бин, дар ғояти шаб ҳам оина барин ялақ-ялақ мекунад.

—   Ба як йигит чил ҳунар кам, гуфтаанд,— рост,— гуфтам ӯро таъриф намуда. Медонистам, ки баъзе зотҳои ширакайфро ба ҷуз таърифу тавсиф давои дигаре нест.

Ман мастро бо чеҳраи арақшор бурда истода, одати хуби мардумамон пеши назарам меомад: яқин кардам, ки ҳамин дам дарвозаро занг мезанаму аз дарун падар, модар, бародар ва зану ҳамшираҳои ин мард берун омада, маро ба ҷону холам намонда ба дарун мебаранд. Ва маро ба хотири чунин накӯкориям, истиқболи гарм намуда, ба ифтихорам дастархони пур аз нозу неъмат мекушоянд. Сонӣ, дар ҳамон нимишабӣ кабоб пухта, ба саломатии ман қадаҳ мебардоранд. Ана ҳамин ақида маро водор мекард, ки мастро чанд қадам дуртар аз дарвоза раҳо карда, худам наздиктар наравам. Тарсидам, ки боз чанд соати дигар дар ин хонадон меҳмони олиқадр мешаваму дигар ба хонаи худам рафта наметавонам. Лекин маст маро ба ҷону ҳолам намонда, ба паси дарвоза бурд. Ман тугмаи зангро бо як ифтихори бузург, чун шахси ба фарзанди ҳазрати инсон неки кардагӣ пахш намудам. Пахш намудаму дилам аз шодиву сурур сахт тапидан гирифт. Нохост дарвоза кушода шуду ду марду як зан дар даст кулӯҳу калтак бардошта «ана ҳамон рафиқи ҳар шаб маст карда меовардагӣ ҳамин», гӯён, ба ман ҳамла намуданд. Ман фурсатро аз даст надода, аз як ҷӯи калони бараш думетра, ки барои гирифтани ду разряди опортӣ ҳам меарзад, ҷони худро ба хатар мононда, паридам. Паридан замон боз ду кулӯху як чӯби дароз ба банди миёнам заду ду маротиба ба даҳон афтода, боз аз тарси ҷон бархоста, бо ҳамон зӯру тавоне, ки доштам гурехта, ба сари роҳи калон баромадам.

Бале, некӣ кардан ба ҳазрати инсон ифтихор аст. Ҳоло ҳам миёнам дард мекунаду вале ҳиссиёти чунин ифтихорот аз сарам дур намеравад, ки намеравад.