ЯРОҚИ ДУРЗАНИ МАЪМУРИЯТ

Дар қабулгоҳ касе набуд. Бале, кабулгоҳи бекотиба зеб надошт. Ҳомид садои гапзании сардорро аз дохили кабинет шунида, гӯшашро ба дар наздик кард.

—   Ҳоло ҳамин хел гӯед,— шунида шуд овози сардор Воҳид Қаримов,— Э, раҳмат, ако, раҳмат. Хайрият, ки пешакӣ хабар додед. Ҳа, ҳамин рӯз ба сӯҳбати ман омаданӣ. Худи ман аз аризабозҳо кимоб шудагӣ. Аз хабаркашҳо-ку, тамоман безор.

Ҳомид чунин суханони сардорро шунида, яқин кард, ки гап дар хусуси худи ӯ меравад, баданаш аз арақи хунук тар шуд. «Лаънатиҳо, ба ҳамин идора ҳам телефон карда, маро сиёҳ мекунанд», ғур-ғур кард зери лаб. Дар ин лаҳза овози сардор боз баландтар шуд, ки мегуфт:

—   Боракалло, бародар, ман некиҳои шуморо фаромӯш намекунам. Ҳоло Ҳомид Бадаловаш ҳамин хел одами дилсиёҳу шантажник гӯед… Оббо, ин одамро ҳеҷ шинохта намешудааст-дия. Чӣ? Кораш фақат аризаи беимзо навиштан? Оббо, шаввозе. Аз ин хел коркун гурехтан лозим. Лаббай? Се сардорро гипертони, яъне, фишори хун кард, гуфтед? Ҳай-ҳай, аҷали таппа-тайёр. Чанд сол кор кард? Алло, чанд сол кор кард? Панҷ сол. Дар ҳамин панҷ сол дусад ариза навишт?

Ҳомид дандон ба дандон монда меистод. Вай акнун хеле рӯҳафтода шуда, ҳамон дам мехост, ки аз қабулгоҳ баромада раваду дигар бар нагардад. «Ҳа, тақдири кораш ҳал шуд. Хабаркашҳо, душманони синфиям корашонро карданд», мегуфт худ ба худ Ҳомид боз гӯшашро ба роғи дар наздиктар бурда, давоми гапи сардорро шуниданӣ шуд. Дар ин маврид Воҳид Каримов бо тамкин мегуфт:

—   Бай-бай, вайро ҳеҷ тарбия кардан мумкин не, гуфтед? Ҳа, охир химча дар ҷавонияш хам мехӯрад. Ин хел одамҳо ҳамин тавр мондан мегиранд. Сарашонро ба хуми равған тар кунед ҳам, миннатдор намешаванд. Агар пурсед, ки чаро аз некӣ миннатдор намешавӣ? фавран «чи барои шумо боз миннатдорхона кушоям» мегӯянд. Бисьёр кори хайр кардед, ки гуфтед. Набошад, ман хабаркашу аризабоз будани Ҳомидро аз куҷо медонистам. Ҳа, вайро ба кор қабул карда, баъд ба бало мемондам. Ҳа, ин хел одамҳо хеле хатарнок. Чӣ, аз болои амакбачаи худаш ҳам аризаи беимзо навиштааст? Бай-бай, чи хел беинсоф… Агар ҳамин рӯз биёяд, «кор нест», мегӯяму вассалом. Хайр, хайр, ако, телефон карда истед…

Ҳомид дудила шуд. «Ба назди Воҳид Каримов дароям ё не? гӯён, аз хаёл гузаронда буд, ки худи сардор дари кабинетро кушода берун омад ва ба Ҳомид амакбача барин самимона вохӯрӣ карда, гуфт:

—   Ман аз дирӯз боз интизори шумо, бародар. Ба идораи мо ба кор омаданатонро шунида, сарам ба осмон расид.

—   Чӣ хел?—дар ҳайрат монд Ҳомид гапҳои телефониро ба ёд оварда.

—   Ҳа, шумо барин кадрҳо ба мо лозим,— гуфт Воҳид Қаримов дасташро ба бозуи Ҳомид гузошта,— шумо аз ду сар гапҳои дар хусуси худатон гуфтагии дигаронро шунида рӯҳафтода шудагистед?

—   Не, намешавад, хӯҷаин, охир…— навмедона гап гирифт Ҳомид.

—   Рӯҳафтода нашавед, мо шуморо ба кор мегирем,— гуфт Воҳид Каримов бо қатъият.— Мо ҳам якта-нимта аризабозу хабаркашҳо дорем… Шумо ҳама корро монда, онҳоро чунон аризаборон мекунед, ки ба саги мурда салом дода, ба кадом девор задани сарашонро надонанд. Вазифаи шумо ҳамин.

Ҳомид беихтиёр табассум кард.

—   Ҳа, шумо яроқи дурзани маъмурият мешавед,— гуфт сардор ва аламҳои аз аризабозҳо кашидаашро ёд оварда, Ҳомидро ба оғӯш кашид ва ҳунгосзанон ба гирья даромад.