НАЗАРЕ БА ҲИКОЯҲОИ СОЛҲОИ ОХИР

Дар ин авохир як частухези ҳикоёт ба назар мерасад, ки ин ҷастухезро частухези оддӣ маҳсуб донистан ғалати бузург мебуд. Лиҳозо, ба адабиёти муосир як зумра ҷавонони бақуввату боандоме ба майдон омаданд, ки аз онҳо сарфи назар варзидан гуноҳи азиме мебуд.

Яке аз ин ҷавонони бодасту бозу Анҳорӣ мебошад. Ҳикояҳои дилчаспу ботаровати ӯ моро ба ҳаяҷон оварданд ва ҳамаашон вирди забони ҳамдеҳагонаш гардидаанд. Масалан, дар маҷмӯаи нависандаи ҷавон, ки бо унвони «Олуча гули бодом» нашр гардидааст, мо чунин ҷумлаи тозаро мехонем: «Баҳор фасли ботароват. Аё, гунҷишкони дӯстрӯ ва бозиигар, шуморо мебӯсам, зеро шумо қосиди баҳор, қосиди маҳбубаи дилнавоз ва фидокори ман ҳастед. Шумо ҳамон гунҷишконе ҳастед, ки аз шох ба шохи сабзаву себаргаҳо чир-чиркунон парвоз карда, ба фасли сармо видоъ мегуед!»

Мана, чи хеле ки мебинед, дар ин ҷумла мақсаду мароми нависанда хеле хуб акси садо додааст. Аз шох ба шохчаи гашничу себаргаҳо парвоз кардани гунҷишкон як ҳодисаи реалӣ буда, романтизм ва лиризмро низ дар худ таҷассум менамояд. Мо мебинем, ки нависанда ҳарчанд дар фасли зимистон зоида шуда бошад ҳам, боз дӯстдори баҳор аст. Мана, боз як ҷумлаи дигари адиб: «Саги ҳамсоя, ки дар сояи шохи себарга ва бунафша хоб буд, ногоҳ аккос зад». Дар хақиқат, саги лаъин гунҷишкон — қаҳрамонони дӯстдоштаи адиби ҷавонро тарсондааст, аз ҳамин ҷост, ки риштаи фикри адиб боз ҳам беқувват шудааст. Гумони ғолиб меравад, ки саги ҳамсоя натанҳо қаҳрамонон, балки худи адиби баландпарвозро низ тарсонда аст. Дар ин чо тарсидани адиб табиист. Зеро аз руҷӯи лирикӣ маълум мегардад, ки саг саги оддӣ не, саги чупонӣ будааст.

Адиби дигари хушқаду қомат, ки ҳамеша куртаи нимостин ба бар дошта, пӯшидани майкаи беостинро ба худ касб намудааст Акбар Саҳроӣ мебошад. Мо дар ин ҷо ба чанд ҳикояи ӯ, ки дар ҷурналоти солҳои авохир ба нашр расидаанд, иктифо мекунем. Дар ин маврид, аз як ҳикояи адиб, ки «Моҷарои оилавӣ»— ном дорад, ёдовар мешавем. Аввали ҳикояи номбурда, бо як забони фасеҳу салис ва агар ҳато накунем, дар баҳри тавили мутакориб иншо шудааст, ки вазни он фоилотун, фоилотун ва мафулун мебошад. Ин баҳр, яъне баҳри тавил, аз ҷумлаи баҳрҳое мебошад, ки бо баҳри Миёназамин ва Уқьёнуси ором шабоҳат дорад. Лекин чандон чуқур ва хавфнок нест, мегӯянд. Воқеа дар ҳикоя ин тавр сар мешавад: Домоди баднафс ва бадмасте ба сари хушдоман табар мебардорад. Мана, он ҷумла: «Фалокат аз таги по хесту гиребони Аброрро дудаста гирифта, ба ошпазхона, ба сари табари дастадор овард».

Албатта, мо дар зиндагӣ медонем, ки дар ҳар оила ҳамин хел конфликтҳо мешаванд ва бояд ҳам шаванд (адиб конфликти ҳаётӣ ёфтааст,— муаллиф Ҳ. Ш.). Лекин ба сари хушдоман ба табар ҳуҷум кардани яке аз одатҳои боӣ-феодалӣ мебошад, ки мо аз он сарфи иазар карда наметавонем. Масалан, агар қаҳрамони, бадмаст, яъне домод ба сари хушдоман коса ё тағораеро гирифта ҳучум мекард, ҳикоя хеле замонавӣ мебаромад. Дар ҳикояи нависанда, иштибоҳи дигаре мавҷуд аст, ки хурд ё калон будани табар ҳеҷ ишора нашудааст ва маҳз аз кадом навъи чӯб сохта шудани дастаи он хотирнишон нагардидааст, ки мо хулосаи даркорӣ барорем. Албатта, дар назди хонанда як саволе пайдо мешавад, ки чӯби бед ё сафедор ҳам дастаи табар шуда метавонад? Аз ҷониби дигар, нависандаи ҷавон нагуфтааст, ки хонаи дар он моҷаро шудагӣ печка дорад ва ё оби ҷӯш гарм карда мешавад? Аз ин ру, метавон гуфт, ки дар ин ҷо адиб аз руҷӯи лирикӣ истифода намуда, аз сентиментализм сарфи назар кардааст. Банду басти ҳикоя ҳам бад нест. Воқеа ба арсаи кульминационӣ расида, боз якбора ғелида ба поён меояд, ки ин сифати некбинии адиб аст. Агар ба ҷои табари манҳус, ки аз истифодаи он бӯи одатҳои боӣ-феодалӣ меояд, мошини гӯштмайдакунӣ, ё ҳеҷ набошад, тирак ва тахтаи ҳозиразамонро, ки бюрои хизматрасонӣ ба фурӯш мебарорад, истифода менамуд, асари ҷаҳонй мегардид. Ана, як ҷумлаи дигар аз ҳикояи «Оби шабмонда»-и адиб. «Барнохола тағораи пури нонро бардошта, аз дар баромада буд, ки пояш ба болои пишаки шермонанд афтод ва аз тарс мисли тӯб ғелида рафт».

Чӣ, тасвири олиҷаноб! Дар ин ҷо «пишаки шермонанд» гуфтани адиб дар ҷастухези эҷодӣ будани ӯро гувоҳи медиҳад. Мо дар шеъри як шоири ҷавони боистеъдод дидаем, ки мушро ба хук ташбеҳ додааст, чунончи:

Зи хона берун омад, чу муши хукмонанд,

Чунон муше, ки дар каҳдон нағунҷад.

Лекин ба шер монанд кардани як пишаки хонагӣ ин ҷуръати бузург ва аз истеъдоду ҷасорати табии нависанда гувоҳӣ медиҳад. Аммо дар ҳамин ҳикоя ҳам як нуқс ба назар мерасад. Агар дар зери остона пишак неву рӯбоҳ хоб мебуд, банду басти асар боз ҳам мучассамтар мебаромад. Зеро рӯбоҳи маккор, ки намояндаи синфи фиребгар аст, зери по шуда азоб кашиданаш мақсаду мафкураи мо буд. Аз ҷониби дигар, дар ҳикоя овардани пишак як андоза табиист. Чунки агар ба ҷои он рӯбоҳ мебуд, заҳраи Барнохола аз тарс кафиданаш имконпазир буд, ки дар он сурат ғалабаи қувваи бадӣ (яъне рӯбоҳ) бар кувваи некӣ мешуд. Мо дар ин маврид инсондӯстии нависандаи ҷавонро пурра эҳсос намуда, ба ӯ маслиҳат медиҳем, ки гоҳ-гоҳ шеъри ишқӣ ҳам навишта истад. Ҳалолат бод, эй шоири мумтози оянда!

Дар солҳои охир чанде аз адибони ҳаҷвнавис ҳам ба боми адабиёт қадам ниҳода, моро шод намудаанд. Яке аз ҳамин нависандаҳои ҳаҷвнавис, ки чанд сол ба ин тараф шиму костюми андозаи 48 ва 50 мепӯшад, Симурғ Хатоӣ мебошад. Ҳикояҳои ин навлсандаи қоматаш паст ва агар ғалат накунем, дар бари рӯи чапаш як холи сиёҳи сабзнамо доштагй он кадар дилчасп намебошанд. Бинобар он, мо ҳикояҳои ӯро як-як дида мебароем. Инак, чанд назаре ба ҳикояи ӯ «Гӯсолаи ошхурак». Мо аз таҷрибаи адабӣ медонем, ки гусола аз оилаи ҳайвоноти калони шохдор буда, дар овони хурдӣ бисьёр ҷастухез мекунад ва аз ин рӯ дар халқ «давидани гӯсола то коҳдои», мегӯянд, ки Аналҳақ аст. Аммо нависандаи ҳаҷвнигор роҷеъ ба хулқи гӯсола гап зада, дар бораи рангу таровати вай хомушӣ ихтиёр намудааст, ки он ғалати маҳз мебошад. Аз ҷониби дигар, гӯсола дар ҳикояи ҳаҷвии адиб хуб мазоқ нашудааст. Агар нашисанда дар ин маврид сумҳои гӯсоларо ба суми хару асп монанд нестанду ба пои мурғ шабоҳат доранд мегуфт, объекти ханда пайдо мешуд ва асар асари зӯр мебаромад. Аз ҷониби дигар, дар зиндагӣ гӯсолаеро пайдо кардан мушкил аст, ки он гардаибанд иадошта бошад. Дар ин ҷо баднафсии гӯсоларо зери тозиёнаи танқид гирифтан лозим буд зеро гӯсола, то сесолагӣ модарашро мемакад ва дар баъзе мавридҳо боиси моҷароҳои оилавӣ мешавад. Яъне, хушдоманҳо келинҳои худро дар маҷлисҳои умумии оилавӣ (баъзан дар иштироки ҳамсояҳо) танқид мекунанд, ки аз сабаби бепарвоии онҳо гӯсола модарашро макида, сабаби оқиб мондани оила дар певозхона шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳаҷв чизи нозук ва ибратангез аст. Аз ин рӯ, ҳикояҳои адиби номбурда, як навъ якранг, яъне, схематикй мебошанд. Схематизм ин очаи шаблонизм аст. Масалан, ҷумлаи зеринро мехонем: «Аҳмад-хӯҷа ҷомадони холиро ба ҷомакӯҳна печонда, аз дар берун рафт». Мана, дар ин ҷо калимаи «ҷома» ду бор такрор ёфтааст, ки боиси хандаовар набаромадани ҳикоя мешавад ва заковату нозушҳои ҳаҷвро аз байн мебарад. Ғайр аз ин адиб баъзан дар ҳаҷв аз услуби достонҳои эпикӣ ва лирикӣ истифода намуда, аз санъати лабнораси шеър сарфи назар мекунад. Аз ҷониби дигар, адиб дар ҳикояҳои ҳаҷвияш табиати зебои баҳорро, ки қалби ҳар кадоми моро ба шӯр меорад, тасвири реалӣ намекунад ва аз он бӯи зимистон меояд. Масалан, нависандаи ин сатрҳо як вақтҳо дар навиштани ҳикояҳои ҳаҷвй қувваозмоӣ намуда будам, чунин тасвирҳо доштам, ки онро дар адабиёт бо номи портрет ёд мекунанд. Ана, як намуна: «Ашӯрбоқӣ як марди баландқад буда, рухсораҳояш монанди хамиртуруши аммаи Рисолатмоҳ дамида буданд ва даҳонаш даҳони қабчуқи амаки Носирро ба ёд меовард, аз дарвозаи чағ-чағаи тӯйхона, ки устояш онро бо табари дамаш кунди зангзада сохта буд, саллона-саллона, мисли мурғи хонагии кулангии тухмаш ду зардӣ доштагӣ берун омада, ба мисли бузи амаки Исмоил ба баосзанӣ даромад».

Ана боз як тасвири дигар аз ҳикояи «Уштуркаланди бедум»-и ман. «Ӯ бо панҷаҳои дарози бесулуқаяш ошро печонда, ба даҳони бетагаш, ки қанори амаки Иморуддинро ба ёд меовард, мепартофт. Бинии калони думи уштурмонандаш мисли нули фохтаи кӯҳи овезон- шудааш, мӯйлаби мисли шиттаҷорӯб бесулуқаяшро гоҳ-гоҳ соя меандохт, ки айвони кӯҳнаи бобоии даврони манҳуси феодалиро ба лавҳи хотир меовард».

Аз ин ҷост, ки ман ба тамоми ҳаҷвнависон маслиҳат медиҳам, барои хандаовар баромадани асарашон, ҳангоми навиштани ҳикоя албатта, кафи пояшонро бихоранд, ки ин як приёми наве дар адабиёти хаҷвӣ мебошад. Аз гуфтаҳои боло метавон ба чунин хулоса омад, ки «сабр кунӣ аз ғӯра ҳалво мепазад». Яъне, ин чунин маънӣ дорад, ки сабр карда нишастан хуб нест ва бояд адиб мисли ғӯра ҳалво нашуда, ҳамеша дар чустуҷӯю дар такопу бошад. Бештар китоб хонда, ба зери ҷумлаҳои мақбул ва иборат аз чанд чумлаи мураккаби пайвандакдори бепайвандаки ҳоли замон ду хат кашад, (бо қалами сурх) ва барои тез шудани табару тешаи маҳорат бештар роман хонад. Хусусан, аз романҳои тарҷума кардаи ман, ки бо як забони фасеҳ таркиб ёфта, бо ҷумлаҳои мураккаби пайрави ҳоли пайвасти замон ифода гардидаанд истифода кунанд. Ин романҳо иборатанд аз «Шофери класси сеюм» ва романи дуҷилдаи «Таомҳои миллӣ».

Акнун хулоса. Агар мо ба ҳикояҳои чанд соли охир дурусттар мутаваҷҷеҳ шавем, мебинем, ки дар онхо фольклор кам истифода шудааст. Масалан, таъсири афсонаҳои халкӣ, мисли «Мурғи бахт» ва таъсири «Бузаки ҷингиламӯй» ҳеҷ эҳсос намегардад, ки ин гувоҳи кам мутолиа намудани эҷодиёти даҳонии халк мебошад. Ғайр аз ин дар ма’взӯъҳои зиндагӣ, ки хусусияти бои этнофафӣ таҷаосум гардида бошад, қариб ҳикояе навишта нашудааст, ки ин моро ба талвоса меандозад ва ҳатто мисли хоби даҳшатнок метарсонад. Оре, дар бораи карсоии хамиркунӣ, чарху дуж ва қумгони обҷӯшонии мисини момой ва ҳатто бобой ки ҳоло аз байн рафта истодаанду ҷои онҳоро чойники электрикӣ ва тағораҳои сурху сабзи сирнок гирифтаанд, ҳикоя ва ё ҳеҷ набошад, репортаже навишта нашудааст. Не, рафиқон! Ҳамаи инҳо мавзӯъҳои муҳиманд, ва бояд мо адибони ҳикоянавис сарфи назар накунем. ё дар қисмати дудбарои хонаҳои бобой, ки як худи дидани он таърихи зинда аст, ё ҳикояе дар боби дару тобадонҳо ва гурбадавҳои ин биноҳо, иншо нагардидаасг. Аз ҷониби дигар, зарбулмасалу мақолҳо хеле кам истифо- да шудаанд. Масалан, оё ман аз осиё омадаму ту. мегӯӣ, ки дӯл холӣ?, зарбулмасали аҷиб нест? Як худи истифодаи он характери этнографӣ дорад, ки ба хонандаи ҷавони мо чи будани осиёю дӯлро мефаҳмонаид, ҳарчанд дар таркиби худ, карсону қумғону кафши чӯбин барин чизҳоро надорад. ё ана ибораи фразеологии «Чашмашро мош барин кушода монд»-ро гирем. Модоме, ки килои мош дар бозор 3 сӯм меистад, истифодаи ин ибора дуруст аст? Ҳаргиз не! Пас ба ҷои мош, чизи дигареро аз оилаи мош овардан ба маврид аст. Чунон ки мутаваҷҷеҳ шудем, дар ҳеҷ кадом ҳикоя зарбулмасалҳои нав ба мисли «баъди авқот, даҳ истакон компот» ва ё «ошиқи беқарор, ғанимат дидор» ба сурати аъзамӣ истифода нашудаанд, ки ин гувоҳи тангназарии адиб ва надониетани зиндагии имрӯза мебошад.

Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса меоем, ки худи мағрурӣ тешаест ба пои истеъдод. Албатта, ягон унвони илмӣ нагирифта, мағрур будан, одоби шарқӣ намебошад. Шоир хуб гуфтааст, ки:

Эй азизам, дар ҷаҳон мағрур будан хуб нест,

Чаккаи момоиро бо дӯғ хӯрдан хуб нест.

Хулласи калом, навиштани ҳикоя кори хеле мушкил буда, он аз жанрҳои драма ва балет як андоза тафовут дорад. Масалан, агар дар жанри драма (драмаҳои Жек Лондон ё Сервантес) ҳар як чумла ё фикр аз абзац сар шавад, дар ҳикоя ин чиз риоя намешавад. Албатта ин хусусият модарзодӣ, момӣ ва ҳатто авлодии ин жанр мебошад. Дар жанри балет мазмун танҳо дар ҳаракати қаҳрамонон дар саҳна тазоҳур мешаваду дар жанри ҳикоя тақдири қаҳрамонҳо дар коғази сафед бо ранги қирмизӣ навишта шуда, дар машинка чоп карда мешаванд, ки мо бояд хусусиятхои фарқкунандаи ин ду жанрро дарк карда бошем. Дар ғайри он ҳикояҳои мо ба водевиль ва ё ба достонҳон сентименталӣ қаробат пайдо мекунанд ва агар шумо дар бораи санги носи пеши хонаи бобо асар нависед, хеле романтикӣ мебарояд.

Дар ин кори пурфарозу нишеб ба шумо комьёбӣ орзу мекунам, роҳи сафед ба шумо фотеҳони заминҳои навкорам! Истифодаи бештари вергулу мулнуқта барои саломатии адиб ва хонандаи серталаби имрӯза, ҳикояшиноси мо роли ҳалкунанда ва фавқулодда мебозад. Аз истифодаи тире, нуқта, аломати савол, дунуқта ва хусусан, аломати хитоб сарфи назар намудан нашояд, ки он ҳам ба ҳикоя ва ҳам ба мақолаи дар бораи ҳикояи навишташуда, таъсири манфӣ ворид мекунанд, ки валкишмушу албодом гуфтанӣ ҳикматро ба ёд меорад. Саломатии шумо орзӯи мост:

Инсоф Башарӣ