КАНӢ, БОЗ ЧӢ НАВИГАРӢ?

Нимишабӣ ҳамсоязан маро бедор карда гуфт:

—   Ман ба шумо як гапи махфӣ дораму пагоҳӣ метуям,— гуфт ӯ ва ба ҳамсарам то нимишабӣ сӯҳбат кард. Ҳамсарам ва чанде аз ҳамсояҳо гирд омаданд.

Ман шабро ба фикру хаёл рӯз кардам ва пагоҳии барвақт бо чашмони аз бехобӣ варамида ба рӯи ҳавлӣ баромадам.

—  Дадеш гап байни худамон монад,— маро таъкид намуд ҳамсарам,— коре кунед, ки боз бачаҳо нафаҳманду овоза накунанд. Ман ба шумо гуфта наметавонам.

—  Чиро нафаҳманд? Чиро овоза накунамд?— ба ғазаб омадам ман,— гапи набудагиро чи хел овоза мекунанд?

—  Хайр, оташин нашавед,— гуфт ҳамсарам ва нигоҳубини бачаҳоро ба ман ҳавола карда, ба хонаи ҳамсояҳо рафт.

Қарибиҳои бегоҳӣ ба гӯшаи боми меҳмонхонаамон баромада, ба кӯчаву пасткӯчаҳои деҳаи кӯҳӣ, ки аз он чо кафи даст барин ба чашм мерасиданд, назар андохтам. Ба назарам, ҳамаи занони деҳа, хусусан занҳои солхӯрда ва миёнасол дар давутоз, дар ташвиш буданд. Дидам, ки як гурӯҳ занҳо ба ҳавлии апаи Қомила ташрифи расмӣ оварда, баъд аз он ҷо ба ҳавлии Нодира- моҳ рафтанд. Гурӯҳи дигари занҳо ҳавлии Ниёзмоҳро тарк карда, сафу ҷамъ сафари гузари дигар карданд. Гурӯҳи сеюм, ки сарварашон аммаи ҳамсари ман буду ӯро Назира-радио мегуфтанд, ба ҳавлии Эшони Баротхон даромада рафтанд. Дар ин лаҳзаи серташвиш як гурӯҳ ҷавонзанон бо сардории аммаи Нозукмоҳ ҳавлию дару боми ҳамсояи дасти ростамонро ба сар бардошта, дар мавзӯи байналхалқӣ ва дохилӣ гап мезаданд.

Хушдоманам аз маҷлису ҷамъомадҳои дурударози бисьёр хаста шуда, соатҳои даҳи шаб баргашт. Баргашту боз бемории касеро баҳона карда аз дарвоза берун шуд. Он бегоҳӣ ба певозхона ҳам нарафт.

Пагоҳӣ магасҳои хонагӣ, ҳанӯз аз роғи дару деворҳо набаромада, кампири Обидамоҳ меҳмони хонаи мо гардид. Ӯ пояшро дохили ҳавлии мо гузоштан баробар даҳонашро ба гӯши аммаҷони ман часпонида, ба пи- чир-пичир даромад. Гови аммаам наҷушида ба пода рафт, саг аз гармии офтоби рӯи ҳавлӣ ба уллосзанӣ даромад. Гунҷишкон ба мавзеъҳои салқину хушобуҳаво рафтанд, вале гӯши аммаи ман ба даҳони кампири Обидамоҳ ҳанӯз ҳам часпидагӣ буд. Дар ин муддате, ки гуфтушуниди намояндаи ду гузари бузурги деҳа дар ҳавлии мо бомуваффақият давом мекард, ду кампири дигар телефон карда, аммаю хушдоманамро пурсиданд. Ҳамсари меҳрубонам гоҳе ба телефон гап мезаду гоҳе аз сари девор ба ҳамсоязан, хушдоманам аз шиддати хастагӣ чашмони камнури худро боз карда натавониста, дам ба дам пинак мерафт.

Кампири Обидамоҳ қарибиҳои пешин ними гапашро тамом накарда, ба гузари поён рафт, ки дар онҷо як гуруҳ интизораш буданд.

Дар ҳавлии мо тамоми шаб овози занҳо ба гӯш мерасид. Чароғи ҳавлиҳои дигари гузар ҳам даргирон буданд. Аммаи ман пагоҳй ширро ба певозхона бурда, барои дидани хоҳараш ба деҳаи ҳамсоя ташрифи расми овард. Ҳангоми хайрухуш кампирҳои деҳа ӯро таъкид намуда мегуфтанд: «Бибираҳима, мабодо дар деҳаи ҳамсоя аз ин гап даҳон накушоеду номи деҳаро паст накунед».

Холаҳои ману ҳамсарам рӯзи истироҳат чамъ омада, хонаамонро ба бозори калова табдил доданд. Дар ин муҳокимаи васеъ ҳамсоязанҳо бо сардории кампири Бибифазилат фаъолона иштирок намуданд.

— Илоҳо, ба душмани кас нишон надиҳад,— маҷлисро ҷамъбаст карданд кампирҳо даст бардошта,— одами безурьётро мурғаш ҳам чӯҷа намебаровардааст.

* * *

Дар чунин ҳодисаҳо мо мардҳои гузар нағз истироҳат мекунем. Канӣ, боз чӣ навигарӣ? Боз мурғи кӣ чӯҷа набаровард?