НОМАИ ДӮСТ

Расул мактуби дӯсташ Самадро бо шавқ кушода, ба хондан даромад: «Аввало салом! Сониян, маълум шавад, ки ман дӯсти аз чашм дуру ба дил наздикат — Самад инҷониб дар деҳа сиҳат ва саломат буда, тансиҳатии туро ҳамеша дар талабам. Ман ба ту маълум карданӣ ҳастам, ки шабу рӯз аз пеши чашмам дур намеравӣ. Сабаби ана ҳамин муҳаббат аст, ки ту шабҳо аз хобам намебароӣ. Мана, дишаб туро дар хоб дида, хеле хурсанд шудам. Хоб дидам, ки ҳар ду дар кӯча мерафтаему ногаҳон ту зери мошин монда аз ҳаёт чашм пӯшидаӣ. Сонӣ, маро худат дар ҷанозаат роҳ надода, дар байни зиндаҳо шарманда кардаӣ». Ман аз хоб бо талвоса бедор шуда, ба хаёлу андеша афтодам. «Ман ба Самад чӣ гуноҳ кардам ки маро дар хоб дар ҷанозааш роҳ надод?» Таъбири ин хоби даҳшатнок чӣ бошад намедонам. Ростӣ, ба назди Мулло Азим рафта, хобгузорӣ кардан ҳам метарсам. Метарсам, ки он кас муллои хеле хунукгап ҳастанду боз ягон таъбири ваҳмнок гуфта, табъамро хира мекунанд. Боре ба ёддорам, ки таъбири хоби дидагиямро аз он ҳазрат пурсида, тамоман пушаймон шуда будам. Ҳамон вақт хоб дида будам, ки хушдоман маро ба як аспи безин савор карда қамчин задаанд. Мулло Аъзам таъбири ин хобро бароварда гуфтанд, ки аспи даванди безин аҷал асту рафтани он баромадани ҷон аз бадан аст. Ин таъбир маро қариб аз по афтонда, девона карда буд. Ҳа, гуфтагӣ барин боз худи дишаб як хоби дигар дидам, ки таъбири он ҳам хеле мушкил аст. Хулоса, хоб дидам, ки туро дар як хоҷагии овозадори районамон хукбон таъин намудаанду ба ин муносибат базми калоне оростӣ. Дар он шабнишинӣ навозандагони тӯйгард иштирок кардаанду ҳофизону раққосаҳо не. Сонӣ, мо ҳама ёру дӯстон барои орияти дуньё шуда, даста-даста панҷоҳсӯмаю садсӯмаҳоро ҳимел намуда, ба гардани навозандагон овехтанӣ шудаем. Лекин ту як ҳимел панҷоҳсӯмаро аз дасти ман зада гирифта, бо туфлии импортният ба чаккаи сарам чунон задаӣ, ки пошнааш парида рафтааст»… Дарди шаддиди чаккаи сар маро бедор намуд ва дидам, ки дар ҳақиқат, каллаам ба поям сахт бархӯрда, шафтолу барин варам кардааст, хеле хурсанд шудам».

Самад мактуби дӯсти наздику беғаразашро то ба хамин ҷо хонда, хеле дилгир шуд. Баъд ба умеди он ки шояд дӯсташ аз ин баъд суханҳои самимию дилпазире гуфта бошад, давоми мактубро хондан гирифт.

—Бародари меҳрубон! Кори дуньё ана хамин. Бовар кун, парерӯз як хоби дигар дида, қариб гурдакаф шуда будам. Медонӣ, хоб дидам, ки издиҳоми мардум тобутатро бурда истодаанду (тобутбардорҳоро нашинохтам, афсӯс!) Ту саратро боло карда, ба ҳозирон нутқ кардай. Гуфтаӣ, ки «Зинҳор, маро ба роҳи дур набаред, ки аз болоятон менависам. Ҳа, сабаби мурданатон боз ҳамон мошини сабил. Шумо дар нутқатон боз гуфтаед, ки мо нону намаки додагиамонро пиҳил мекунем.. Дар ғайри вай ҷони ошноям бо осонӣ намебаромадааст. Ана, ба қарибӣ боз дар бораи янгааш ҳам як хоби хеле ваҳмангез дидам, ки онро дар мактуби оянда батафсил менависам. Ту, ҳоло фақат аз ягон одами таъбиргӯй пурс, ки дар хоб либоси сиёҳро дар бар кардани ҳамсар чӣ фоли нек дорад. Ба гумонам, таъбири ин хобам аз ду хоби дар аввал дидагиам даҳшатноктар аст. Акнун чанд сухан аз навигариҳои деҳа. Бибироҳилаи холаатон аз ҳаёт гузаштанд. Душмане сӯзанро ба даруни нон андохта, ба саги Шодихӯҷа дода, онро кушт. Дигар навигарӣ ин ки мурғҳои Ашӯрбоқӣ ҳама қисир мондаанд. Сабабашро касе надонистаат. Мелонӣ мурғ дар хоб хуб нест. Вай, ки аз хурдан ҳеч сер намешавад ба гумонам, аломати гуруснагист. Амаки Шариф ҳам бандагиро ба ҷо оварданд. Мегӯянд, ки он касро Муллобадал дар равғани дунба ҷоду карда, ба зери тобаи тасфон монда будааст. Мана, баробари об шудани равғани дунба ҷигари амаки Шариф ҳам латта шуда, боиси маргашон гардид. Ҳоло модагови усто Назар ҳам касал. Мегӯянд, ки кадом як ҳамсояи бадкина ба вай доруи кушанда додааст.

Ана ҳамин хел, дӯстам. Алҳол дар деҳа навигариҳо бисьёр. Ту ки аз мо дур зиндагӣ мекунӣ, аз онҳо огоҳ нашуда, зиқ мешавӣ. Азбаски ту дар мусофирӣ зиқ мешавӣ, барои хурсанд шуданат каме шӯхӣ кардам».

Расул мактубро бо дастони бе ҳолу бемадоршудааш ба замин гузошта ба девор такья намуд. Вай баъди ду моҳи дар шифохона хоб карданаш баромада, ба деҳа ба дидани хешу табор рафт. Бале, беҳуда нагуфтаанд, ки ҳазлу шӯхӣ умри инсонро дароз мекунад.