ҚИССАИ ДАВОҲО

Ду нафар марди солхӯрда бар болои кати чойхона нишаста аз вазъи саломатиашон сӯҳбат мекарданд. Якеро домулло Раҳмат мегуфтанду дигариро домулло Солеҳ.

—   Шукр, домулло, аҳволи саломатиам бад не,— гуфтанд домулло Солеҳ пиёлаи чойро ба даст гирифта,— шукр дарди синабағалам тамоман кам шудаги. Танҳо як каме… уҳун…

—   Шукри беҳад,— гуфтанд домулло Раҳмат як халтачаи салафании пур аз даворо аз кисаи ҷелакашон бароварда,— шукр, дар ин ҷо давое ҳаст, ки наузанлиллоҳ мурдаро зинда мекунад… Ҳа, ҳамаашон давои импуртни.

—   Ман ҳам, домулло, кам-кам давоҷӯ шудагӣ,— гап гирифтанд домулло Солеҳ даст ба кисаи пиджаки киберкоти кӯҳнасохташон бурда,— ин вақтҳо хобам намебарад гӯед. Шукр, ана ин се таблеткаро мехӯраму каме ғанаб меравам.

Домулло Раҳмат таблеткаи калонеро ба зери забони болояш сафедшуда, ки аломати ноҷӯрии бадан аст, партофта каме хузуру ҳаловат карданд. Домулло Солеҳ ҳам ду таблеткаи зардчатобро якбора ба даҳон партофта, пиёлаи чои хунукшударо ба як дам дам кашиданд.

—   Ин давоҳои хӯрдагиям, давои сулфа буданд,— гап гирифтанд домулло Раҳмат — давои худамон не, давои импуртни. Давоҳои ҷудо ҳам зӯр… Уҳун, уҳун уҳун…

Сулфаи сабил Мулло Раҳматро ҳеҷ амон надод. Он кас аз шиддати сурфа беҳолу бемадор шуда, ба рӯи кати чойхона ба ишкам афтоданд. Аз ин ҳол домулло Солеҳ ба ташвиш афтода, аз кисаи чапашон як таблеткаи қабудчатобро бароварда, домулло Раҳматро ба як даст дошта истода гуфтанд:

—  Мана, домулло ана ин даворо хӯрда бинед, чӣ, шояд…

—   Уҳун, уҳун, ин ҳам импуртни?—пурсиданд домулло Раҳмат ва боз сулфаашон шиддат гирифту ба паҳлӯи рост афтоданд. Домулло Солеҳ магар дилтанг шуданд, ки чанд қатра давои дилро ба пиёлаи чой чакконда ҳамоно ба сар кашиданд. Ба сар кашида сари домулло Раҳматро аз болои кӯрпача баланд карда гуфтанд:

—  Э, дафъ кунед, домулло, ин давои импуртниатонро.

Домулло Раҳмат оби чашмону даҳонашонро пок карда, суханашро бо ҳамон оҳангу савлати аввала давом доданд.

—   Уҳун, ҳа, гуфта будам, ки ҳамаи давоҳои мехурдагии ман давохои импуртни,— гуфтанд он кас боифтихор,— шукр, ҷиянҳо мактабхои калонро тамом карда, дар чойҳои равғании кор мекунанд. Ана, ҳамонҳо ба- рои ман давохои… уҳун уҳун… уҳун… уҳун..

—  Э, гӯр давои импуртнитон шавад, домулло,— ба талвоса афтоданд домулло Солеҳ,— ин давои импуртни бутун дарди сар будааст.

Домулло Солеҳ инро гуфта, биқини росташонро дошта, абрӯяшонро чин намуданд. Ана ҳамин дам сулфаи домулло Раҳмат ҳам каме таскин ёфта, халтаи давохояшонро ба рӯи курпача холӣ карданд.

—   Домулло, зардем ҷӯшид, ин як. Ҷигарам хала зад, ду; нафасам танг шуд, се; меъдадардам авҷ гирифт, чор. Дарди сар панҷ,— изҳори таассуф намуданд домулло Солеҳ чор таблеткаи хурду калону ҳаррангаи дигарро ба даҳон ҳаво дода.

—  Ҳамаашон импортни?—савол карданд домулло Раҳмат.

Домулло давои импортни набуданашонро ишора намуда, боиси ташвиш ва безобитагии домулло Раҳмат шуданд.

—  О, шумо, домулло давои импуртни хуред намешавад?— ба эродгири даромаданд домулло Раҳмат давоҳои худашонро як ба як нишон дода. — Ана, ин ду даво аз рӯвматизм, ана ин давои обакӣ аз радикулит… ана ин ду таблешка аз ҷоғур. Ана, ин укол аз беқувватӣ. Ана ин давои сурхчатоб аз намаки ҷамъшудаи пою гардан. Ана, ин давои кулчашакл, домулло, аз сӯзиши сари сина, ана инаш аз талхадард…

—  Шуд, шуд, домулло,— дилтанг шуданд домулло

Солех,— давои рӯи ҷаҳон дар халтаи шумо будааст. Оҳ-оҳ, радикулиташ… баҳ… баҳ…

—   Ҳа, боз ҳамааш имиуртнн, домулло,— гуфтанд домулло Раҳмат боифтихор.— Лекин ана ҳамин давоҳои сулфа, домулло, ухун, ухун, уҳун…

Сулфаи сабил домулло Раҳматро амон надода, он касро маҷбур кард, ми аз болои кат бархоста, ба лаби ҷӯйча биёянд. Домулло Солеҳ аз китфи домулло Раҳмат дошта меистоданду он кас бо як шавқу завқи зиёд, бо тамоми қудрат ва тавоноиашон сурфа мекарданд. Уҳун, уҳун…

Сулфаи домулло Рахмон каме таскин гардид ва ҳар ду домуллоҳо роҳи гузари дигарро пеш гирифтанд.

—   Ҳамин давоҳои импуртии ба ман бисьёр фоида карданд,— гап гирифтанд домулло Раҳмат,— хусусан давои хобаш. Ду таблеткаашро хӯрда, шаби дароз барра барин хоб мекунам.

—  Ҳа, давоҳои шумо хеле зӯр,— татриф карданд домулло Солеҳ.— Ба ман Ду давои дигар лозиму ҳеҷ наёфта истодаем.

—   Ҳардуяш хам импуртни будагист-а?— гап гирифтанд домулло Раҳмат,— истед, ки… уҳун, уҳун…

Сулфаи домулло Раҳмат боз шиддат гирифт. Домулло Солеҳ ҳам аз ғояти дилтангӣ ду давои сабзчатоби дигарро хӯрда, аз зери бозуи домулло Раҳмат дошта гирифтанд. Онҳо хеле дур рафтанд ва ҳанӯз ба назди ҳавлии дӯсти дигарашон наздик нашуда, домулло Рахмон аз пой афтоданд. Бар болои хок нишастан баробар сулфаашон фуру нишасту бо овози хаставу ларзишнок ба домулло Солеҳ рӯ оварданд.

—   Як таблетка аз давои сулфа, аз импуртнияш,— гуфтанд домулло Раҳмат ба танаи дарахти тут такья карда.

Домулло Солеҳ даст ба халтачаи даво бурда норозиёна сар ҷунбонданд. Овози сулфаи домулло Раҳмат дар кӯху теппахои атрофи деха акси садо медод.