ДОКАИ ИСТАМБУЛӢ

Ман Аҳмадро дар як деҳаи райони дурдаст дида ҳайрон шудам.

—  Ҳа, бародар, офтоб аз куҷо баромад? Ба ин тарафҳо?— пурсид ӯ калонгирона.

—  Ба командировка, ба тафтиши мактубҳо,— гуфтам ба ӯ.

—   Ман ҳам. Кори ман махфӣ. Лекин шунидам, ки пальтоҳои импортнии занона омадааст, омадам. Гуфтагӣ барин кафшҳои сарипоии занона ҳам будааст — матлабашро фаҳмонд ӯ.

—    Ҳм,— гуфтам, ва гапи дигаре наёфта, хомӯш мондам.

Мо ҳар ду хайру маъзур намудем.

Тобистони ҳамон сол ман бо Аҳмад дар сари кӯчаи маркази як вилоят вохӯрдам.

—   О-ҳо»,— гуфт ӯ оғӯш кушода.

—   Туро дида хурсанд шудам. Ман дар суроғи як туфлии зимистонаи импортни. Ту чӣ?

—   Ман боз ба кори идора омадагӣ,— гуфтам бо табассум.

—   Парво накун, шиносҳои хуб дорам. Ба ту ҳам ягон гарданбанди имлортни гирифта медиҲам,

—   Аз худамон ҳам ҳаст-ку,— гуфтам бо ифтихор.

—  Не, импортнияш ҳеҷ ғиҷим намешавад,— суханашро тақвият дод ӯ.

Ман дар он шаҳр саргарми кор шуда, уро дигар бор надидам. Мулоқоти навбатии дуи мо дар худи марказ сурат гирифт.

—   Салом — гуфт ӯ.

—   Салом — гуфтам.

—   Дирӯз як либоси тагпӯшаки импортни гирифтаму рангаш маъқул нашуд,— гуфт ӯ,— рангаш сафед, ба ман чиркбардораш лозим.

—    Бисьёр хуб,— гуфтам дигар сухани муносибе наёфта.

—   Агар ҷӯробҳои импортни лозим бошад, ёфтанаш тани ман,— гуфт ӯ бо фараҳмандӣ.

Борон ба ҷола табдил ёфту мо хайру хушро насья кардем.

Як пагоҳии барвақт аз хоб бархоста ба лаби дарьё рафтам. Дуртар аз ман як марди кӯлоҳпӯш нишаста ба маҷрои об сангча мепартофт. Як зеҳн монда бинам, ҳамон Аҳмад.

—    Салом, бародар,— овозамро баланд кардам ба тарафи ӯ.

—   Чӣ хуш ки ман туро мебинам,— гуфт Аҳмад ба суям қадам зада.

—   Ҳа, ба хайр? Ту ҳам оббозиро дуст медоштаи?—

—    Э, ман куҷову оббозӣ куҷо?— гуфт Аҳмад табассум карда.

—    Дар ҳамин шаҳр як ошнои зӯр дорам. Оббоз. Ҳамон ҳар пагоҳӣ ба ҳамин ҷо омада машқ мекунад. Вай ба ман як курткаи бачагонаи импортни ваъда кардагӣ. Ҳоло вай дар рухсатӣ. Шояд гирифта дар хонааш монда бошад.

Ҳаво гарм шуду ман рафтам. Аҳмад то дар паси дарахтон нопадид шуданам дар соҳили дарьё буд.

Бори дигар Аҳмадро дар як ҷаноза дидам.

—    Бечораи кампир як соли дигар умр надиданд,— гуфт ӯ баъди ҳолу аҳволпурси.— Хайр, хуб шуд, ки мурданду аз ғурбати дуньёю келинҳо халос шуданд.

—    Шумо хеле камнамо?— гуфтам дар ҳоле, ки сарам аз таъсири гармӣ чарх мезад.

—   Мегӯянд, ки дар базаҳои калон кулоҳҳои зебои импортни омадааст,— гуфт Аҳмад ба гӯристон нарасида,— домоди кампир суроғ карда гаштааст. Агар ошнои хуб пайдо шавад, якбора дутоашро гирифта мемонед. Барои худату барои худам.

Дар он рӯзи серодам Аҳмадро дигар надидам. Яқин доштам, ки часадро ба гӯр намонда, ӯ ба суроғи ошноҳояш ба базаҳо рафтааст.

Охири фасли тирамоҳ буд. Баргҳои зардшудаи дарахтон аз шоху навдаҳо канда шуда, ба роҳравҳои кӯча пойандоз мешуданд. Ана, дар чунин лаҳза Аҳмадро дар як навбат дида, ҳайрон шудам.

—   Зиндагӣ, ошно,— гап сар кард ӯ.— Мегӯянд, ки дар ин чо сачоқҳои импортни мефурӯхтаанд. Агар ба ту ҳам лозим бошад…

—   Раҳмат, ба ман даркор не,— гуфтам.

—  Ҳоло шумо ба қадри моли импортни намерасед,— эрод гирифт ӯ.— Панҷоҳ-шастаашро гирифта, ба ягон гӯша партоед, олам гулистон мешавад.

—    Рост гуфтед,— гуфтам ва аз паси кори худ шитоб намудам.

Дидорбинии дуи мо ин дафъа тамоман тасодуфӣ буд. Дуи мо якдигарро дар ҳаммом дидем.

—    Салом,— гуфтам кафкҳои собуни сару гарданамро шуста.— Насиби дидор будааст.

—    Ҳа, насиби дидор,— гуфт ӯ мӯйҳои даруни бинияшро канда истода.

—  Ана, дастмоли импортниро бинед,— гуфт ӯ ва аз фазилатҳои дандоншӯяки импортни гап кушод.

—   Медонам, медонам,— гуфтам ва ба сардии ҳаммом тоб наоварда, ба сарам ду тағора оби гарм рехта берун омадам.

Аз он баъд вохурии мо баъди бисту ду сол ба вукӯъ пайваст, ки ӯ 160 мӯи сафедшуда миёни дӯстонаш ҳануз ҳам дар тапу талоши зиндагӣ буд. Вай акнун дар суроғи докаи навъи истамбулӣ буд, ки он барои кафанворияш хеле муносиб будааст.