ДӮСТОН ЗИНДА БОШАНД

Ҷои корам чандон маъқул нашуду ба назди дӯстон ва рафиқон омадам. Ростӣ, ҳамаашон барои ҷои кори муносиб ёфтан ваъда карданд.

-Рӯзи дигар ба идораи мо биё,— гуфт Абдусамад,— мо туро котиби раис карда мегирем. Котиби раис шуданат хуб: якум ин ки ба бисьёр калонҳои ба назди раис меомадагӣ шинос мешавӣ, дуюм, маош кам бошад ҳам номаш калон.

Ман хеле хурсанд шуда, розигӣ додам. Дар ҳақикат, маошаш кам бошад ҳам боз имтиёзхои дигар ҳам доштааст.

— Не, аз хама хубаш ба идораи мо биёю мон,— гуфт дӯстам Набӣ, ки ҷонишини директори як идораи баобрӯ буд,— мо туро мудири канцелария карда мегирем, вассалом. Ту, одами бофаҳм, боҳавсала боз чй мехоҳи? Биё, албатта биё!..

Он бегоҳӣ ба хона омада, дар бораи ин ду вазифа ва ояндаи худ хуб фикр карда менишастам, ки дӯстам — Шокирҷон омад.

— Ҳай-ҳай, бекор гаштию як даҳон гап намезанй-а? — гила кард ӯ,— ёру рафиқ чӣ даркор? Биё ба идораи худамон. Як кори калон ёфта медиҳем, ки худат шоҳу табъат вазир шуда гаштан мегирй. Э-ҳа, кору ва- зифа ҳам гап шуд? Ғамашро асло нахӯр. Мо ёру чӯра- ҳо зинда бошем…

Аз суханони дӯстам об дар чашмонам чарх зад. Шукрона кардам, ки дар ин олам танҳо нестам. Ана, ёру рафиқ доштан чӣ аҳамияте дорад. Ҳамин аст, ки бузургон мартабаи рафиқро аз — бародари ҳамтанӣ ҳам баланд шуморидаанд. Ман ифтихор дорам, ба ин ёру рафиқон!

Акнун барои интихоби яке аз ин вазифаҳо ба назди рафиқам Камолиддин барои маслиҳат рафтам.

—  Котибию мудирй ба ту намезабад — гуфт Камолиддин бо қатъият,— якум, маошашон кам, дуюм чакида намеистад. Ман худам барои ту як кор пайдо мекунам. Кори хуб пайдо кардан барои ман мушкил не. Дар як идораи калоп бухгалтер таъин кунем чӣ? Ихтисоси бухгалтерӣ надорам гуфтӣ? Не, бародар ин гап, гап не! Ҳамон чор амалро донӣ бас. Адади дуро ба дузарб зада тавонӣ, кифоя.

—  Не, бух, будан кори осон не,— гуфтам ба рафикам.

—  Не, рафиқ, одам гуфтанй якрав намешавад, — гила кард рафиқам.— Кори бухгалтери чӣ? Мо дар ҳамин умри кӯтоҳи худ ҳамаашро кардем: бух ҳам шудем, котиб ҳам шудем, шофёрӣ ҳам кардем, котибию ана вай ошпазӣ ҳам кардем… Гап дар ирода. Бухгалтерӣ кори мушкил не. Ҳамин пагоҳ ба ман амр дцҳанд, ки лётчик шуда самолётро ҳай кун, шудан мегирам. Биё, охири ҳафта биёю бухгалггерияро қабул кӯн.

Ростӣ, сарам тамоман гиҷ шуд. Намедонам аз ин чор вазифа кадомашро интихоб кунам? Бухгалтерӣ ҳам кораш зиёд. Сабил монад, ҳамон чутзанияшро ҳеҷ ёд нагирифтем. Он се вазифаи дигар, мисли котибию аня вай мудираш ҳам кори хубу вале маошашон кам… Барои ҳамин ҳам як аз пеши дӯстам — Ҳафиз гузаштанӣ шудам.

—  О, ту корҳои дигарро мону ба назди мо биё,— гуфт ӯ бо як лутфу меҳрубонӣ,— одам гуфтани назди рафиқро монда ба пеши бегонаҳо меравад? Мо се моҳ боз аст, ки мудири хоҷагӣ мекобем. Мековему одами муносиби диламон об мехӯрдагӣ пайдо намешавад. Мана, ту худи пагоҳӣ биёву корро қабул кун. Мудири хоҷагӣ будан нағз. Тамоми курсиву миз, графину истаконҳо ва ҳатто қаламу дафтар дар ихтиёрат. Инашро ҳам гӯям, ки кори чакида меистодагӣ. Ба раис ако муносибати хуб дошта боши, тамом. Биё, худи пагоҳӣ биёю фармон диҳем.

—  Аризаю анкета,— ғурунгос задам ман.

—  Чи, мо туро намешиносем, ки боз аризаву анкета талаб мекунем,— ба шӯр омад рафиқам,— анкетаву ариза барои бегонаҳо. Аввал омада корро қабул кун, баъд лозим бошад, навиштан мегирӣ.

Ман гӯё аллакай мудири хоҷагӣ таъин шуда бошам, шабона нақшаи фаъолиятҳои ояндаамро пешакӣ таъин намудам: даставвал рӯйхати тамоми асбобу анҷомро тартиб дода, анбори муассисаро ба тартиб овардам. Миз ва курсиҳои шикастаашро дуруст карда, барои асбобу анҷомҳои зарурии дигар як талабнома ва ё дархост навиштам. Баъд маҷлиси посбону фаррошҳоро гузаронда, баъзеҳояшонро сахт огоҳ кардани шуда гуфтам:

—  Ҳой, амма, ман аз вай мудирҳо не, агар хоҳед кор кунед, нахоҳед, ариза дода равед!

Ҳамин вақт ҳамсарам чаро худ ба худ гап мезанед, магар девона шудаед! гуфта, маро ба худ овард ва хабам тамоман париду дар бораи чор вазифаи нави дигар фикру андеша кардам. Ман ҳамчун сарбухи ояндаи як идораи калон кассир ва бухҳои зери дастамро ҷамъ карда гуфтам:

—  Ҳой, рафиқо, кори ҳисобу китоб, холаи одам намешавад. Ба мо бовар карда… ин чӣ беинтизомӣ, чӣ бетартибӣ!

Ҳамсарам аз тарси он ки ба ман ягон осебе расидааст, рӯзи дигар як тумор овард. Аммо ман тамоман хушҳол будам ва танҳо фиқри вазифаҳои нав ва ояндаи худам маро каме ба ташвиш оварда буд. Бале, масъулияти вазифаҳои зиёд ҳам одамро гаранг мекардааст. Мана, боз дирӯз чанд вазифаи дигарро пешниҳод намуданд…

Барои ҳамин ҳам ман ба назди Сафарбек омадам, ки дар интихоби вазифа ба ман ёрӣ расонад.

—   Ин вазифаҳо кирои гап намекунад,— гуфт ӯ бо назари танқидӣ,— мо як моҳ боз аст, ки барои заводи пиво экспедитор мекобем. Гӯё туро барои ҳамин кор офарида бошанд. Қаду қоматат бутун омадагӣ. Як портфель гирӣ, экспедитори тайёр. Не, нагӯй, намуду ҷусса ҳам рол мебозад. Ту ки ба ҳама магазинҳои калон ки мерави, бояд як ҷуссаи муносиб дошта бошӣ. Якта-нимта одамҳо «оҳ, экспедитори навамон омаданд» гуфта ҳаросанд-дия.

145
Ба ман кори экспедиторй бештар маъқул шуд. Шабона дар хона портфели калон дар даст ба назди оинаи барқад омадам ва худ ба худ бо овози баланд гуфтам:

10-1330

—  Коратон мазза надорад, шишаҳои холиро сари вақт ба завод намебаред. Шуморо аз мукофотпулӣ махрум кардан лозим.

Он рӯз ҳамсарам ду тумори дигар оварда ба кӯча баромадани маро хатарнок ҳисобид. Лекин ин гапҳо ба ман аҳамият надошт. Ман дар банди хаёлоти дигар будам. Оё кори экспедиториро хуб ба ҷо оварда метавониста бошам ё не? Ё якта-нимта магазинчиҳо, меҳаросида бошанд ё не? Акнун ман чун экспедитори оянда, муносибатамро ба одамҳо таъғир медодам. Акнун ба ҳамсару бачаҳоям сахтгирӣ мекардам.

—         Ҳой, бачаҳо, масъулиятро дар вазифа эҳсос мекунед, ё не?— дод мезадам.

Ин гапҳо ҳамсарамро бештар ба ташвиш андохт ва ӯ ба чашмони ман бо ҳарос нигариста ҳар кадом ҳаракатамро наззора мекард ва оҳи сард кашида, ашки чашмонашро пок менамуд.

Баъд аз ин ман ба назди рафиқони дигар барои маслиҳат нарафтам. Онҳо бошанд, худашон ба хона омада, бо як ҳисси ғамхорӣ боз ҳашт вазифаи дигарро тавсия намуданд, ки ман якеро интихоб намуда, аз худи пагоҳ корро сар кунам. Аз ҷумла, як вазифа дар идораи сӯхтор буду як вазифа дар ошхонаи бемориҳои рӯҳӣ. Вазифаи зиёд ҳам сари одамро гиҷ мекардааст.

Намедонам, ҷарроҳии шифохонаро қабул кунам, ё боз ба ҷои кори пештараам — посбони чойхонаи дохили бозори колхозӣ равам. Дӯстон ҳар куҷо ҳастанд, зинда бошанд.