ИЛҲОМ

Ман коғазро пеш кашида «Офтоби оламоро баромада буд…» навишта будам, ки ҳамсарам бо талвоса фарьёд кард:

-Ҳой мардак, бачаро гиред, ки ба болои телевизор мебарояд.

Бозичаҳоро ба назди кӯдак гузошта, ана акнун қалам ба даст гирифта «Офтоби оламтоб аз паси кӯҳҳои сар ба фалак сар бардошта»… гӯён болои варақро сиёҳ карда будам, ки боз овози ҳамсарам…

-Ҳой мардак,—гуфт у,— чойник ҷушида алави газро магар кушт, ки бӯяш омада истодааст.

Ман газро хомӯш намуда, чойро дам карда ба назди ҳамсараму хушдоманам ва меҳмон гузошта, боз ба паси мизи корӣ нишастам. Коғази сиёҳкардаамро ғиҷим карда, ба як тараф мондаму чакидаҳои қалами худро рӯи варақ овардам. Ана, акнун ҷумлаи «Офтоби оламоро домани заррини худро паҳн намуда буд» гуфта, сатри аввалро сар карданӣ будам, ки овози хушдоманам баланд шуд:

-Домодҷон, писарчаатонро даст гиред, ки чойникро чаппа мекунад.

Пеши чашмонам тира шуду сатрҳои навиштагиамро пора намуда, аз ҷой бархостам ва писарчаамро хомӯш карда, соатамро ба дасташ додам. Ва боз паси миз нишаста, фикрҳои парешонамро ба як мақсад ҷамъ намудам. «Нурҳои офтоб қуллаи кӯҳро зарфишоиӣ намуда»…

-Ваҳ, аз саратон сабил монад,— шунида шуд овози ҳамсарам ва садои гирьяи писарчаам низ баланд шуд.

-Ҳа, худаш чи гап?!

-Соататонро дар бетони остона зада майда кард.

Акнун аз чй бошад, ки дастам, лабу даҳонам меларзид. Илҳомам ба як дам гурехтагӣ барин. Фикри тоза ба сарам наомаду ҷумлаи зеринро сарам дилам ба коғаз овардам: «Ҳаво софу беғубор. Аз саҳра бӯи гулу раёҳин меомад. Офтоби оламоро доманашро ба рӯи деҳу саҳро паҳн намуд». Воқеан, ҳанӯз ба охири ҷумла нуқта нагузошта, фиғону нолаи ҳамсари мехрубонам риштаи илҳомамро бурид:

-О ин чй ҷабр аст, ба сари ман!— Ин мардҳо ғайр аз шабу рӯз ,фақат варақсиёҳкунӣ, дигар коре надоранд.

Аз ин танқид баданам аввал тасфид ва баъд ба арақи хунук тар шудан гирифт, ки он чандон фоли нек набуд.

Ҷумлаи охиринро хат зада, лаҳзае ба хаёл афтодам ва ба сарам фикри тозае омад: агар ба зодрӯзи завҷаам тӯҳфаи муносиб наёбам, на худам дар хона магунҷаму на илҳомам.