Исомиддин ҳанӯз курси якумро хатм накарда, ба чандин дафтари калон хотира навишт. Хотираҳои вай асосан аз воқеаҳои дида ва шунидааш иборат буд. Мо ҳамкурсҳо байни худ сӯҳбат мекардему ӯ хотира менавишт. Баъзан қисме аз хотираҳояшро ба мо мехонд.
Ӯ ҳангоми хоыдан ба овози ким-кадом нависандаи баркамол тақлид мекард. Аз ин рӯ, мо ҳамкурсҳо Исомиддинро дар факультети иқтисодӣ студенти тасодуфӣ хисобида, маслиҳат медодем, ки зуд ба факультети забон ва адабиёт гузарад.
Исомииддин фақат менавишт ва дафтарҳои аз хотира пуршударо аз хобгоҳ ба хонаашон, ба район мебурд.
- Ман,— боре гуфта буд ӯ, — образи шумо — хамкурсҳоро офариданӣ.
Мо аз ин гап ҳам хурсанд мешудем, ҳам хиҷил. Хурсандиамон аз он буд, ки ба як саҳифаи таърих медароем. Сабаби хиҷил гаштанамон ин буд, ки шояд қаҳрамонони манфӣ шуда, бадном гардем.
- Исомиддин бачаи хуб,— моро тасалло медод як ҳамкурсамон дар ин мавридхо,—вай аз мо ҳеч гоҳ қаҳрамони манфӣ наметарошад.
Дар ҳақиқат, Исомиддин бо ҳамаамон меҳрубону ғамхор буд. Аксар вақт дар кисааш доруи дарди сар ва доруи таъб гирифта мегашт, ки мабодо ба мо зарур шуда намонад. Мо низ, бо ӯ муносибати хуб доштем, фахр мекардем, ки аз курси мо ҳам як одами эҷодкор мебарояд.
Хотиранависии Исомиддин интиҳо надошт. Менавишту менавишт… Баъзан гапҳои гуфтагиамонро такроран шунидан мехост. Мо рӯ наметофтем. Ӯ аз хат задану аз навиштан хеҷ хаста намешуд. Боре як лаҳзаи хотираи ӯро кадоме аз ҳамкуроҳо хонда, матнашро ба мо овард. Мана он матн: “Обид сари каммӯяшро бо шонаи Аслам шона карда, худашро дар оинаи хурдакаки Саттор дида, куртаи дарзмолкардаи Ашӯрро пӯшида, туфлиҳои Рафиқ дар пояш берун рафт”. Як лаҳзаи хотироти дигарашро Аюб аз дафтари ӯ айнан рӯбардор карда ба мо хонда дод: “Саид одати аҷибе дорад: ба ҳар духтар ошиқ мешавад, ҳамин ки духтар нахост, уро хохар мехонад. Бачаи булҳавас. (Аз сӯҳбати Самад бо Носир, рузи 28 феврали соли 1957 соати сеи рӯз).
Вақте ки мо ба курси панҷум гузаштем, фаъолияти Исомиддин боз авҷ гирифт. У акнун дар як ҳафта як дафтари хаштодварақаро аз хотирот пур карда, ба навиштани портретамон низ кӯшиш мекард. Масалан, ӯ дар баби Самандар навишта буд: “Самандар як ҷавони қадпасти биникалони серҷоғ аст, ғайбат карданро дуст медорад. Ҳангоми роҳгардй вазни каллаи каммағзащро ба пеш партофта, мисли пишак хуррок мекашад. Дандонҳояш заб-зард. Шимашро ҳеҷ гоҳ дарзмол намекунад ва шимаш ҳатто тасма надорад. Аз таги куртааш майкаи беостин намепӯшад. Ин нишонаи бемаданиятии ӯст”.
Дар дафтари хотироти Исомиддин дар боби Сафаралӣ чунин навишта шудааст: “Сафар як бачаи газгӯшти камгап аст. Дар панҷ сол бо касе моҷаро накардааст. Як одати вайрон дорад, ки ҳангоми чойнӯшӣ дамашро ба даруни пиёлаи чой сар дода, иштиҳои касро мегардонад”.
Исомиддин барои тасвири зинапояи хобгоҳ ду дафтарро пур карда буд. Мана, саршавии он: “Зинаҳо яке аз паси дигар баланд шуда, одамро ногаҳон ба боло мебаранд. Як зина аз зинаи дигар ба андозаи 30 сантиметр баландӣ дошта, барои баромадан ҷудо ҳам қулай мебошад. Худи зинаҳо аз сангу цемент таркиб ёфтаанд. Бинобар он аз рутубат наметарсанд. Зинаҳои цементӣ аз чӯби афзалият дорад. Яъне, носи партофташудаи одами носкаш ба осонӣ шуста мешавад. Гумон меравад, ки ин зинаҳоро на барои баромадани одам, балки барои он ихтироъ кардаанд, ки дохили бино зебо бошад”
Мисли ҳамин чор дафтар танҳо мавзӯи хуфту хези Шамс гуфтанӣ ҳамкуреамонро дарбар мегирад, ки он ба Исомиддин муносибати хуб надошт. Дар хотираҳои Исомиддин шустушӯи фарши хона, аҳамияти латта ва ҷоруб, дар аввали баҳор пайдо шудани пашшаву мурчаҳо, сабаби дар тахта нанавиштани бӯри тар, одатҳои мӯи сарро равған кардан ва монанди инҳо ҷои намоёнро ишғол мекунад. Хамчунон бо сабуни мушк шустани дастҳо ва аҳамияти он, аҳамияти бо майкаи беостин хоб кардан низ аз назари эътибори у дур намондаанд.
Исомиддин ҷавони хушбахт аст. Зеро хотираҳои вай аллакай ба сад ҷилд расида, ба машваратчиёни нашриёт супорида шудаанд, ки шояд аз хондани хотираҳои Исомиддин фишораш баланд гашта буд, ҳангоми ба касалхона рафтан чунин таъкид намуд:
- Аз он хотираҳо эҳтиёт шавад, биноро чаппа мекунанд.
Мардум ба ин гапи бемор чандон аҳамият надоданд. Зеро бемор баъзан ҳар чи гуфтанаш мумкин. Лекин гуфтаи он машваратчӣ рӯи об баромад. Як гӯшаи би-нои нашриёт ба вазни ҷилдҳои зиёди хотироти Исо-миддин тоб наоварда фурӯ рафт. Хотираҳо низ бо ҳамин зери хок монда, нопадид гаштанд.
* * *
Ҳоло машваратчиён аз он хушанд, ки то навишта шудани хотираҳои нави Исомиддин боз чанд муддат осуда зиндагй ва кор хоҳанд кард.