МУБОРАКБОДӢ

Натиҷаҳои кори яксоларо дар яке аз муассисаҳои спортӣ ҷамъбаст намуданд. Дар он миён Абдувалии хурдакаку назарногир ғолиби мусобиқа дониста шуд.

— Рафиқо, мо аз комьёбии узви коллективамон меболем,— гуфт раиси муассиса дар ҷамъомаде, ки ба ин муносибат даъват шуда буд.— Мо собиқ устодони спорт, паҳлавонони номӣ, боксёрҳои беназир, санпбардорҳои беҳамто, бояд Абдувалии хурдакакро самимона муборакбод памоем.

Ҳозирон қарсак заданд. Ҳанӯз мавҷи кафкӯбӣ паст кашуда, раиси муассиса Султон Барот Абдувалиро сахт ба оғӯш кашида ба сари синааш пахш кардан гирифт. Абдувалии ғолиб, нафастанг шуда, ба пойафшонӣ даромад. Аммо раиси қалбаш пур аз муҳаббат Абдувалиро сар надода, миёни нозуки ӯро пахш кардан гирифт. Абдувалӣ тобу тавонашро аз даст дод ва баробари аз чанголи раис халос шудан, мисли халтаи пурбор ба замин афтод. Афтоду раис ӯро бардошта, ба ҳозирон бо ҳазл гуфт:

-Аз комьёбӣ саргарангиаш ҳамин!

Абдувалӣ навакак қоматашро рост карда, чизе гуфтанӣ буд, ки собиқ устоди бокс Шоҳназар оғӯш кушод.

— Табрик, бародар, табрик,— гуфт Шоҳназар ва Абдувалиро аз замин бардошта, бо меҳрубонӣ ба сандуки синааш як мушт фуровард. Мавҷи карсакзании хамкорон боз баланд шуд.

Аз ин зарба сари Абдувалӣ чарх зад ва пеши чашмонаш тиратар шуд.

-Ман нагуфтам, номи мукофотро шунида, аллакай аз худ рафт,— гуфт яке дигареро нихта карда.

Мавҷи қарсак паст шуду Самади паҳлавон ҳам оғӯш кушода пеш ом^ад.

-Канӣ, канӣ, бародарамонро як табрик кунем,—гуфт Самад ва миёни лоғари Абдувалиро бо дастони ғафсу пур аз рагу паяш, ки мӯйҳояш ба андозаи ним ангушт баромада меистод, печонда, аз сари сидк ба ифшоидап даромад. Чуссаи хурди Абдувалӣ аввал дар халқаи дастони қавй қариб номаълум гардид ва баъд ӯ мисли кӯрпачаи куроқини аз сари торбанд шндашуда, ба замин афтод. Ҳамин дам устоди дигар Ниёз пешдастй карда, Абдувалиро бардошт.

-О, мо туро табрик намардаему ба куҷо меравӣ, бародар?—гуфт ӯ ва Абдувалии беҳолу бемадорро дар сари синаи пурмӯяш чанд маротиба сиққонда, баъд ба замин гузошт. Абдувалӣ дигар маҷоли рост истодан надошт. Вай бо қомати каме хамидааш ба тарафи хозирон нигоҳ карда, ба ишораи сар изҳори миннатдорӣ мекард.

-Абдувалиҷон, табрик!— баланд шуд овози собиқ устоди спорт Сулаймон ва ғолиби мусобиқаро ба канор кашид. Садои қарсакзаниву ҳаёҳуи ҳозирон баланд шуд. Ин дафъа дами Абдувалӣ ба дарун афтод. Ва бадани лоғарашро аз оғӯши пурмеҳри ҳамкораш Сулаймон базӯр раҳо карда, ба девори кабинет такья намуд. Ранги рӯяш парида, баданаш аз арақи хунук тар шуд.

-Ҳа, бародар ба ту чӣ шуд?— ба пурсупос даромад раис ва ба ҳозирон рӯ овард,— зуд ба болои диван хобонда илоҷашро ёбед.

-Не, маро ба хона баред,— гуфт Абдувалии хаставу лакотшуда,— ҷон акаҳо…

Ду нафар аз ду паҳлӯи Абдувалӣ дошта, ӯро ба рӯи ҳавлӣ бароварда, ба мошинае савор карда, ҳамроҳи тӯҳфаи солинавӣ ба хонааш бурданд. Ана ҳамин дам боз чор нафар собиқ устодони спорт, ҳамкорони Абдувалӣ аз дар бо талвоса даромаданд.

-Канӣ, Абдувалӣ, мо вайро ба оғӯш кашида, самимона табрик кунем…

* * *

Абдувалӣ аз соли нав дигар ба кор наомад. Ба қавле, яке аз ҳамон устодони cпорт ӯро аз рӯи одати бобоӣ сахт ба бағал кашида самимона табрик намуда, миёнашро аз ду ҷой маъюб кардааст. Оре, басе гарон аст бори шӯҳрат.