АҚИДАИ МУСТАҚИЛ

Хушбахтона, ситораамон бо ҳам мувофик омад. Садри нави идора Сангин Атоев маро ба фарзандӣ кабул намуданд ва ин дар зиндагӣ боиси ифтихорам гардид. Бале, ба назари ман, хушбахттарин иисон ҳамон касест, ки сардораш падархондаш бошад. Аз ин рӯ, бояд ҳар кадом фарзанди инсон, ки аз роҳбар толеъ надорад, ҳасад барад ва маро самимона табрик намуда, аз маслиҳату таҷрибаи зиндагиям ҳеҷ гоҳ рӯй натобад.

Акнун машваратдеҳи ягонаи Сангин Атоев каси дигар не, ман будам. Бинобар ин субҳи аввали ба кор омадан маро ба кабинеташон даъват карда, гуфтанд:

-Ба шумо писарам, як маслиҳат: ҳамин Сайфид- динтағо ба зеҳнам намефоридагӣ барин. Мехоҳам…

Мақсади Сангин Атоевро фаҳмидам. Он кас мехоҳанд, Сайфиддин-тағои ростқаел дар байни коллективи мо набошад. Лекин ба кадом роҳ? Ин барои ман ҳоло муаммо буд. Сайфиддин-тағо гули сари сабади коллективи мо ҳастанд ва коллективи моро дар ғайри он кас тасаввур намудан амри маҳол аст. Лекин бо ин ҳам ман бояд ба Сангин Атоев ягон маслиҳати пухта дода, қарзи фарзандиямро адо намоям.

—  Фикратон фикри олиҷаноб,— гуфтам ноилоҷ ва боз ғарқи дарьёи андеша шудам.

—  Ба кадом роҳ?— боз савол доданд Сангин Атоев аз рӯи меҳру садоқати бепоён ва дилашонро якбора кафонда партофтанд:—камбудиҳояшро ёфта, боб карда задан лозим.

— Ҳа, боб карда задан, лозим — аз рӯи сидқ такрор кардам ман.

Ҳамин дам гӯё меҳри падарии Сангин Атоев дучанд гардид, ки он кас ба рӯям бо шодмонӣ назар карда гуфтанд:

—  Ёфтам! Ба қарибӣ кӯшиш мекунем, ки аз коркунони мавҷуда, ҳаддулақал се нафарашонро ихтисор кунем. Бо ин роҳ ҳам пули маош захира мешавад, ҳам аз Сайфиддин Муродов раҳой меёбем.

—   Дар ҳақиқат ёфтед, кори осони бе моҷарояш ҳамин,— гуфтам бо хушнудӣ ва боз ба андеша афтодам. Воқеан, фикри ман дар сари обрӯю эътибори Сайфиддин-тағо дар идораи бозори колхозӣ буд. Ба ин коллектив чи мегуфта бошад? савол кардам худ ба худ ва ҳануз ҷавобашро наёфта Сангин Атоев риштаи тафаккурамро буриданд.

—  Лекин коллектив читу? Якта-нимта тарафдорони Сайфиддии-тағо ҳам будагистанд?— савол карданд Сангин Атоеви мӯҳтарам.

—  Ҳа, ҳастанд,— гуфтам писханд зада. Ва худамро чуном вонамуд кардам, ки Сайфиддин-тағо баринҳоро кӣ мешиносад? Магар онҳо лоиқи эҳтироми коллективанд?

Сангин Атоев ҳам ба хаёли он ки ман, яъне фарзанди қиёматиашон ягон чораи беҳтаре ёфтаам, якбора гул барин шукуфтанд ва ҳамоно намуди ҷиддй гирифта, ба фарзандашон, яъне ба ман рӯ оварданд.

—  Ҳа, ягон илоҷе ёфтан лозим, ки аз мо домангир нашаванд,— гуфтанд он кас андешамандона.

—  Ҳа, ҳама гап дар сари ҳамин,—гуфтам далерона ва илова намудам,— ё ба ягон идораи дигар калон карда гузаронед чӣ?

Хӯҷаин ба ақлу заковати ман тан додаги барин як нигоҳи ҳайратангез намуданд. Дар ҳақиқат, дар ин мав- рид ба як тир ду нишон задан мумкин: Сайфиддин тағо ак калон шуданашон хурсанд мешаванду мо аз халос шуданамон. Ба назарам, ҳамин матлабро худи Сангин Атоев дарк намуданд, ки гуфтанд:

—  Ба як тир се нишон. Нишони сеюмаш он аст, ки аз идораи мо сабзида рафтани Сайфиддин-тағо боз боиси ифтихори худамон мешавад.

—Ҳа, ҳамин тавр,— гуфтам каноатмандона,— аздусар мардум «Сайфиддин Муродоваш шогирди Сангин Атоев», гуфта, овозаву дарвоза мекунанд, ки ҳаминаш барои обрӯи мову шумо бас аст.

Ҳисси ифтихор дар вуҷуди Сангин Атоев ҷӯшиду тарзи нишасташон тағьир ёфт: яъне, ҳамон дам пои чаппашонро болои пои рост гузошта, ба як гӯшаи номаълум мутаффиккирона чашм дӯхта монданд. Ҳамчунон дар пешонаи фарохашон чинҳо пайдо шуда, кавоки тарафи чапашонро каме баланд карданд. Дар гуфтугуяшон ҳам як навъ оҳанги ғурур ҳис карда мешуд, ки он хоси баъзе роҳбарон аст.

— Бисьёр хуб, фикри олиҷаноб,— гуфтам ва ин маслиҳати қатъии ман буд.

Сангин Атоев ба рӯи ман бори дигар зеҳн монда, табассуми ширин карданд, ки он далели каноатмандиашон буд. Аммо чи мегӯед, ҳамон дам намуди зоҳириашон тағьир ёфту ба камоли ҷиддият гуфтанд:

—  Шавад, ки Сайфиддин Муродов ҳоло аз идораи мо раваду боз баъди чанд вақт ҷонишини ман шуда баргардад, кор ба расвоӣ намекашад?

Ин саволи хӯҷаин барои ман имтиҳони бузург буд. Имтиҳоне буд, ки агар як маротиба биафтам, дигар як умр ноком шуда мегардам. Бинобар он, ман дар ҷавоби ин савол саросема нашуда, хуб андеша кардам. То ки худи Сангин Атоев ҳам ботадбиру боандеша будани писархонди худро пай бурда, бо ҳамин роҳ тамоми бадхоҳон ва нотавонбинҳои худро дар зиндагӣ мағлуб намоянд.

—  Не, дубора ба идораи мо омаданаш ба гумон,— гуфтам боқатъият ва илова намудам:—боз аз байн чанд соли дигар мегузараду Сайфиддин-тағоро ба нафақа гусел мекунанд. Аз ҷониби дигар, сафи коллектив ҳам нав мешаваду наздикони Сайфиддин-тағо кам шуда мераванд.

Назари қотеъонаи ман дили Сангин Атоевро тамоман тасхир намуд. Он кас дастони маро аз сари меҳру муҳаббати фарзандӣ афшонда, аз пешонаам падарвор бӯсиданд. Акнун хурсандии ман интиҳо надошт. Якин кардам, ки акнун дар зиндагӣ ҳар мавзӯъро худам ба тарзи мустақил ҳал намуда, ба дигарон ҳам маслиҳату машваратҳои нодир медиҳам. Акнун ақидаи ман, ақидаи дигарҳо не, маҳсули майнаи худам аст.

Воқеан, Сайфиддин тағо аз коллективи мо рафтанду Сангин Атоев хеле осуда гаштанд.

— Қарзи фарзандиро адо кардед,— гуфтанд он кас як пагоҳӣ.

* * *

Дертар Сайфиддин-тағо ҷонишин шуда омаду ман оқи падархондам шудам. Бале, ҳар касе ки ақидаи худро ба ақидаи сардор як намекунад, ҳеҷ гоҳ маҳбуб шуда наметавонад.