ЭЪТИБОР

Арафаи Соли нав буд. Барои харидани яхдон пулам каме нарасиду ба ҳамкори ҳоҷат барорам Қосим муроҷиат кардам.

— Ҷонамро аз ту дареғ намедорам,— гуфт ӯ,— то маоши оянда бовар кун, ягон танга надорам. Бепулӣ ба дилам зад, бародар.
Ман рӯҳафтода нашуда, ба кабинети дигар даромадам. Толиб сарашро набардошта, кор мекард. Ба ӯ матлабамро рӯйрост фаҳмондам.
— Чаро ду соат барвақттар нагуфтӣ?—гуфт ӯ,— не, ҳоло ягои тин иадорам. Пул чирки дастдия, меояду меравад.
Ҳамкори сеюмам Акрам пиджакашро кашида кисаҳояшро чаппа кард.
— Мана, аҳволи ман,— қариб гирья кард ӯ.— Худат маро медонӣ, медонӣ, ки ботину зоҳири ман як аст.
Ман боз рӯхафтода нашудам. Бале, рӯҳафтодагӣ чизи ганда. Ҳамин вақт ба ёдам Шарифи ҳоҷатбарор расид.
— Пул?— савол дод ӯ худ ба худ,— ҳамин вактҳо янгаат як қилиқи нав баровардагӣ. Чашми маро поида, кисаҳоямро мекобад. Шабона ҳар чӣ доштам, пагоҳӣ рӯфтааст.
Дилам ба хамкори дигарам — Нозир об хӯрду афсӯс, ки вай дар командировка будааст.
— Боз кӣ серпул бошад?— гӯён худ ба худ хаёл карда нишаста будам, ки сардори идораамон телефон карданд. Гӯфтанд, ки ба идораи мо як мошини сабукрави «Жигули» додаанд.
Мошинро тамоми коллектив харидор шуд. К,абл аз хама ҳамон Толиби бепул дар назди сардор ба зориву, кола даромад. Ҳамон Акраме, ки кисаҳояшро чаппа карда буд, «агар ГЛЗ—24—10» медоданд, кори хуб мешуд, гуфта хеле афсӯс хӯрд. Шариф гуфт, ки пули ду мошин дораду вале бо занаш як маслиҳат кунад, ки «Жигули» мегирад ё не?
— О, якта «Нива» медоданд, чӣ мешуд?—овозашро баланд кард Ҳасани камиул.
Дертар Раҳматуллою Ибодулло ҳам ки омада харидори автомашина шуданд ба назди сардор даромада моҷаро бардоштам.
— Мошин хаққи ман!—дод задам бо тамоми овоз. Моҷарои маро шунида ҳама ҷамъ омаданд.

Хайрият, ки мошинро ба каси дигар доданд. Вале эътибори ман ҳамчун одами пулдору мошинхар дар байни ҳамкоронам як умр боқӣ монд.